Дар натиҷаи як задухӯрди низои мусаллаҳона дар марзи байни Ӯзбекистон бо Қирғизистон ду нафар кушта шудааст. Ин ҳодиса шоми 5-уми апрел рух додааст.
Ба иттилоъи мақомоти Ӯзбекистон, дар ин ҳодиса қочоқчиён аз Қирғизистон ба ҳалокат расиданд. Ҳодиса дар деҳаи Дейреси ноҳияи Оқсойи вилояти Ҷалолобод рух додааст.
Шаҳрвандони Қирғизистон талош кардаанд, ки ба таври ғайриқонунӣ бори беш аз 20-ҳазордоллариро ба кишвари ҳамсоя интиқол диҳанд.
Неруҳои марзбонӣ қонуншиканонро 500 метр дуртар аз хатти сарҳади давлатӣ, дар қаламрави Ӯзбекистон пайдо кардаанд.
Шаҳрвандон амри онҳоро дар ҷиҳати қатъи идомаи ҳаракат нодида гирифта, ҳангоми боздошт задухӯрд кардаанд, хабар дод “Podrobno.uz” бо истинод ба иттилоъи хадамоти марзбонӣ.
“Марзбонони Ӯзбекистон барои наҷоти ҳаёт ва саломатии худ аз силоҳ истифода кардаанд, ки дар натиҷа ду шаҳрванд захм бардоштаанд”, — гуфтаанд дар мақомот.
Гуфта мешавад, гумонбарони дигар фирор карда, ба қаламрави Қирғизистон паноҳ бурдаанд.
Баъдтар маълум шудааст, ки шаҳрвандони кушташуда зодаи Ӯзбекистон буда, соли 2012 шаҳрвандии Қирғизистонро гирифтаанд. Онҳо 37 ва дигарӣ 31 сол доштаанд.
Дар баробари ин, онҳо шиносномаи кишвари зодгоҳашонро низ доштаанд.
Намояндагони хадамоти марзбонии ҳар ду кишвар барои омӯзиши вазъ ба маҳалли ҳодиса рафтаанд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки ҳодисаро тафиш мекунанд.
Мақомоти қирғиз гуфтаанд, афроде ҷустуҷӯ мекунанд, ки аз ин ҳодиса фирор кардаанд.
Ҷасади кушташудаҳо ба ҷониби Қирғизистон супорида шудааст.