Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар шаш моҳи соли ҷорӣ 37 ҳолати фаъолияти якҷояи хешутаборро дар мансабҳои давлатӣ ошкор ва бартараф кардааст. Дар ин бора Нигора Муқимӣ, сардори Раёсати таҳлили хавфҳои фасод ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Агентӣ рӯзи 18 июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, фаъолияти хешутаборӣ дар мансабҳои давлатӣ аз ҳама бештар дар соҳаи маориф ва танудрустӣ ба чашм мерасад:
“Аз ҷумла, 14 ҳолати фаъолияти хешутабориро дар соҳаи маориф, 13 ҳолат дар соҳаи тандурустӣ, 3 ҳолат дар вазорати фарҳанг, 2 ҳолат дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, 1 ҳолат дар корхонаи “Обу корез” ва 1 ҳолат дар кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва ғайра бартарф карда шудааст”, — гуфт номбурда (иқтибос аз “Азия-Плюс”).
Гуфта мешавад, як ҳолати дигар низ дар Вазорати адлия будааст, ки бо дарназардошти тағйири қонунгузорӣ ва таҳти тобеият қарор надоштани чунин мансаб бартараф нашудааст.
Ошкорсозии 37 мавриди хешутаборбозӣ дар шаш моҳи охир дар ҳоле аст, ки расонаҳо солҳои пеш низ дар мавриди хешутаборчигӣ дар мансабҳои давлатӣ, махсусан мансабҳои калидӣ дар кишвар гузоришҳо нашр мекарданд. Аз ҷумла, соли 2019 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дода буд, ки 62 ҳолати хешутаборчигӣ дар ниҳодҳои давлатиро ошкор кардааст
Тибқи моддаи 9-и қонун “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” , шахс наметавонад ба мансабҳои давлатие таъин гардад, ки бевосита дар итоат, таҳти назорат ё ҳисоботдиҳанда ба мансабҳое бошад, ки онро хешовандони наздики ӯ ишғол кардаанд.
Тибқи қонун “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, хешовандони наздик – зан, шавҳар, фарзандон, падару модар, бародарон, хоҳарон, инчунин падару модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони зан, ё шавҳар, қудоҳо, келинҳо, домодҳо, ҳамчунин дигар шахсоне мебошанд, ки бо шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахси ба он баробар кардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд.