Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Чӣ гуна фирориёнро баргардонидем?


25.06.2020 07:01

: 597

Чун ниҳодам пойи худро бар сари хоки Ватан,

Борҳо бӯсидам аз рухсораи поки Ватан.

Муддате будам агарчи дур, аммо ёди он,

Мевазонидам ба сар боди фараҳноки Ватан.

(М.Турсунзода)

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин суханронии худ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосия таърихии XVI чунин қайд карда буданд: “Ба хотири истиқрори сулҳи пойдор ва бозгашти ҳамаи фирориён ба ватан ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам”.

Аз ин лиҳоз яке аз масъалаҳои асосии Иҷлосияи мазкур - ба Ватан бозгардонидани фирориёни тоҷик аз қаламрави Афғонистон буд. Дар изҳороти аз 20 ноябри соли 1992 қабулкардаи Иҷлосия аз ҳамаи фирориён даъват гардид, ки ба ватан, деҳа ва маҳаллаи худ баргарданд. Ҳамчунин, ба мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба андешидани чораҳои зарурӣ дар ин самт супоришҳо дода шуд.

Бо сабаби мушкилии вазъияти сиёсӣ – низомии Тоҷикистон ва Афғонистон, носуботиву ноамниҳо дар ин кишварҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои ин вазифаро бар дӯши мақомоти амниятии ҷумҳурӣ, ки роҳбарии онро он солҳо Зуҳуров Сайдамир Зуҳурович ба уҳда дошт, вогузор намуд.

Ба ин мақсад аввалин гурӯҳи кории шашнафара ташкил гардид, ки ба он се нафар корманди КДАМ ҶТ (Маҳкамов Фарҳод Ҳамробоевич – роҳбари гурӯҳи корӣ, Айниев Абдусаттор ва Сангинов Нарзулло), намояндаи ҷамъияти “Пайванд” (Бӯрихонов Баҳодур) ва ду корманди телевизион ва радиои Тоҷикистон (Мустафоқулов Шералӣ ва Fайбуллоев Анвар) шомил буданд.

Имрӯз дар қатори мо роҳбари гурӯҳ, чекист ва дипломати варзидаи тоҷик Маҳкамов Фарҳод Ҳамробоевич, аъзои дигари гурӯҳ - Бӯрихонов Баҳодур ва Fайбуллоев Анвар, ки бо сабаби беморӣ аз олам чашм пӯшиданд, нестанд. Вале дар ҷараёни бозгардонии фирориён ҳамон солҳо онҳо саҳми босазои худро гузоштанд, ки қобили қадрдонист. Бигзор рӯҳи ҳарсеяшон ҳамеша шод бошаду қабрашон пурнур.

Бино ба маълумоти ҳамон замон дар ихтиёрбудаи расмӣ ва ғайрирасмӣ, фирори шаҳрвандони тоҷик ба Афғонистон аз ҳама қисматҳои хатти сарҳадии байни кишварҳоямон вуҷуддошта, яъне аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар карда, то Шаҳритусу Қубодиён сурат гирифт. Аз хатти марзии бо ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритус пайваста бошад, тоҷикон асосан ба вилоятҳои Қундуз ва Балх фирор карда буданд. Теъдоди аз ҳама зиёд ё беш аз 30 ҳазори онҳо ба вилояти Балх рафта дар минтақаи ба ном Дашти морон (байни шаҳрҳои Мазори Шариф ва Хайратон) паноҳ ёфта буданд. То имрӯз оид ба теъдоди шаҳрвандони ба Афғонистон фироркардаи тоҷик маълумоти дақиқ вуҷуд надорад. Тавассути Комиссариати Созмони Милали Муттаҳид оид ба фирориён дар ин ҷо урдугоҳи калонтарин таъсис дода шуд, ки дар таърих бо номи Кампи Сахӣ машҳур гардидааст. Вазифаи асосии гурӯҳи корӣ ба ватан баргардонидани фирориёни Кампи Сахӣ буд.

Ба гурӯҳи корӣ ваколати ҳукуматӣ дода шуд ва 4 феврали соли 1993 он озими Афғонистон гардид. Худи ҳамон рӯз аз тариқи бандари Ҳайратони Ҷумҳурии Ӯзбекистон вориди шаҳри Мазори Шарифи вилояти Балх гардидем.

Ин ташрифи дуюми банда ба шаҳри Мазори Шарифи вилояти Балхи Афғонистон ба ҳисоб мерафт. Аввалин маротиба баъд аз хатми шуъбаи забони форсии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, тайи солҳои 1975 – 1978 ба ҳайси тарҷумони забони дарӣ дар заводи нуриҳои минералӣ ва барқи шаҳри Мазори Шариф, ки бо номи “Фобрикоти куду барқ” ёд мешуд, кор карда будам.

Дар ин муддат шаҳри Мазори Шариф ҳеҷ тағйир наёфта буд. Кӯчаву хиёбон, манзилҳои истиқоматии куҳнаи дар атрофи равзаи сафои ба номи ҳазрати Алӣ ибн Абутолиб сохташуда, мағозаву дӯконҳои бешумор, ки маркази шаҳрро ташкил медоданд, ҳеҷ тағйир накарда буданд. Мисли собиқ аз чор тараф мусиқии ҳиндӣ, оҳангҳои Аҳмад Зоҳир, Гугуш ва ғайра садо медоданд. Дар баробари мошинҳои гуногунтамға роҳи мошингард пури аробакашҳо буд. Доимо садои сигнали мошинҳо баланд буд, то ки мардум ва аробакашҳоро аз сари роҳи худ дур кунанд.

Ягона навигарии чашмрас ин зиёд шудани шумораи аҳолӣ аз ҳисоби фирориёни тоҷик буд. 18 сол қабл ҳамагӣ даҳ ё бист нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар корхонаҳои мухталифи саноатии вилоятҳои шимолии Афғонистон (Балх, Шибирғон, Қундуз ва ғайра), ки аз тарафи Иттиҳоди Шӯравии собиқ сохта мешуд, ба ҳайси тарҷумони забонҳои форсӣ – дарӣ кору иқомат доштанд. Соли 1993 бошад, ба аҳолии ҳамонвақтаи вилояти Балх боз зиёда аз 30 ҳазор фирорӣ аз Тоҷикистон илова гардид. Онҳо дар ҳар қадами шаҳри Мазори Шариф – бозор, дӯконҳо ва хиёбонҳо ба чашм мехӯрданд.

Рӯзҳои аввал фирориёни тоҷик аз ҳайати гурӯҳи корӣ ҳаросида, кӯшиш мекарданд, ки дар тамос набошанд. Аммо ба тадриҷ ин фосила аз байн бурда шуд. Аксарияти онҳо, ки барои ҳифзи худ ва наздиконашон аз ватан фирор карда буданд, бо таассуф зиндагии хушу хуррами замони пешро ёдоварӣ мекарданд. Бо итминони комил изҳор медоштанд, ки чунин вазъият дер давом нахоҳад кард ва дар ватани азизашон сулҳу амният барқарор мешаваду, онҳо дубора ба хонаҳояшон бармегарданд.

Як рӯз баъд аз расидан ба Мазори Шариф гурӯҳи корӣ кӯшиш кард, ки бо муҳоҷирон дар Кампи Сахӣ вохӯрӣ гузаронад. Аммо роҳбарияти урдугоҳ, ки ба он сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва қавмҳо шомил буданд, аз ин вохӯрӣ даст кашиданд. Танҳо баъд аз миёнҷигарии намояндагии Комиссариати Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезагон вохӯрии якуми гурӯҳи корӣ бо роҳбарияти Кампи Сахӣ дар қароргоҳи ин Комиссариат баргузор шуд.

Роҳбарияти Кампи Сахиро Музаффаров Хайрулло ба уҳда дошт. Аз суҳбат бо ӯ маълум гардид, ки дар Кампи Сахӣ аксариятро бошандагони ноҳияҳои Шаҳритус ва Қабодиён ташкил медиҳанд ва шумораи умумии онҳо зиёда аз 30 ҳазор мебошад. Вохӯрии якум душвор гузашт. Роҳбарияти фирориён хеле эҳсосотӣ буда, ҳукуматро дар ҳама кор айбдор медонистанд. Вале ба сардори гурӯҳи корӣ Маҳкамов Фарҳод Ҳамробоевич муяссар гардид, ки бо лаҳни орому фасеҳ мавқеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳифз намояд. Ба онҳо фаҳмонида шуд, ки фирориёни Кампи Сахӣ қисми ҷудонашавандаи аҳолии Тоҷикистон мебошанд ва ба Ватан ҳатман баргардонида мешаванд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус хеле қатъӣ мебошад.

Баъд аз ин вохӯрӣ ба гурӯҳи корӣ иҷозат дода шуд, ки ба Кампи Сахӣ ташриф оварда, аз наздик аз вазъияти будубоши фирориён шинос шавад.

Аз нигоҳи таъминоти озуқаворӣ онҳо ягон танқисӣ надоштанд. Комиссариати Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезагон ҳамаҷониба ва сари вақт гурезагонро бо маводи ғизоӣ таъмин мекард. Кор то ҷое расида буд, ки барои гирифтани миқдори зиёдтари маводи кумакӣ аз Комиссариати номбурда, фирориён шумораи оилаашонро аз ҳисоби наздикон ё хешу табори дар ватанмонда, зиёдтар нишон медоданд. Чунин ҳолат имконият намедод, ки миқдори аниқи фирориён дар урдугоҳи Кампи Сахӣ муайян карда шавад. Бинобар ин, дар ҳисоботи оморӣ рақамҳои мухталиф оварда шудааст. Бо ин роҳ онҳо қисми даркории маводи ғизоӣ – орд, равған, биринҷ ва ғайраро барои истеъмоли рӯзмарраашон монда, зиёдатиашро ба бозори Мазори Шариф бурда мефурӯхтанду ба ивазаш доллари ИМА ё сиккаҳои тиллоӣ пасандоз мекарданд.

Вале ҳолати будубоши онҳо хеле сангин буд. Аз гармиву сардӣ онҳоро фақат заминканҳои бо хаймаҳои кабуд бомпӯшшуда ҳифозат мекард. Бо мурури замон як қисми фирориёни Кампи Сахӣ барои иқомати худ хонаҳои гилин сохтанд. Баъзе хоҷагиҳо ҳамон сол кишти пахтаро дар дашти морон озмоиш карда буданд.

Минбаъд вохӯриҳои гурӯҳи корӣ бо фирориён оддӣ шуда монд. Дар ҳар вохӯриҳо онҳо шарту талаботи навбатии худро мегузоштанд. Ин шарту талаботи онҳо аз масъалаҳои авфи умум, таъмини амнияти баргаштагон, барқарор кардани хонаву ҳавлиҳои сӯзонидашуда ва ғайра иборат буд. Ҳамаи хостаҳои фирориён сари вақт ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешуд. Ба тадриҷ мардуми бегуноҳи фироришуда ба ҳайати гурӯҳи корӣ ва нақшаҳои он оид ба бозгардонии онҳо ба Ватан бовар кард. Меҳмонхонаи ба номи Расули Бароти Мазори Шариф - маҳалли иқомати ҳайати гурӯҳи корӣ, ҳамарӯза аз субҳ то шом бо қабули онҳо машғул буд. Ба тадриҷ эътимоди мардум нисбат ба гурӯҳи корӣ, махсусан баъд аз бароварда шудани аксарияти хостаҳои онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёд шуд. Чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотии гурӯҳи корӣ натиҷаи хуб медоданд. Хоҳишмандон барои бозгаштан ба Ватан рӯз ба рӯз зиёд мешуданд.

Баъди чанде дар Кампи Сахӣ овозаҳое паҳн гардиданд, ки дар Тоҷикистон депутатҳои Шӯрои Олӣ раисони хоҷагиҳои калонтарини Қубодиёну Шаҳритус Талбак Садриддинов ва Аҳлиддин Афғонов кушта шудаанд. Ҳайати гурӯҳи корӣ талош кард, ки дурӯғ будани ин овозаҳоро фаҳмонад. Вале мардум бовар надошт ва аз гурӯҳи корӣ талаб карданд, ки агар зинда бошанд, онҳоро ба Кампи Сахӣ биёранд. Роҳбари гурӯҳи корӣ Маҳкамов Ф.Ҳ. тасмим гирифт, ки депутатҳои номбурдаро ба Кампи Сахӣ оварда, беасос будани овозаҳоро исбот намояд. Иҷрои супориши овардани раисон ба Айниев А. ва банда вогузор карда шуд.

Он замон Т. Садриддинов ва А. Афғонов дар Душанбе зиндагӣ мекарданд. Рӯзи муайян кардашуда онҳоро бо мошини хизматии ба гурӯҳи корӣ вобасташуда ба Мазори Шариф овардем.

Бояд гуфт, ки сафари Талбак Садриддинов ва Аҳлиддин Афғонов ба маъракаи бозгардонии фирориён як такони иловагии мусбат бахшид. Шумораи мерафтагиҳо дубора рӯ ба афзоиш ниҳод. 22 майи соли 1992 рӯзи оғози баргашти фирориён эълон карда шуд.

Ҳамон рӯз аввалин қатора шомили беш аз ҳазор гуреза аз тариқи бандари Ҳайратон ба вилояти Хатлон раҳсипор гардид. Дар тамоми масири ҳаракати қатораҳо аз Ҳайратон то Шаҳритус амнияти фирориён зери назорат гирифта шуд. Фирориён аз Кампи Сахӣ бо мошинҳо ба истгоҳи роҳи оҳани Ҳайратон интиқол ёфта, аз он ҷо мустақиман ба вагонҳо савор карда мешуданд. Дар навбати худ, ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои фирориён шароити осони гумрукӣ ва сарҳадиро ҷорӣ карда буд. Қатораҳо бе кадом мамониат хати марзро мегузаштанд.

Оид ба рафти ҷараёни ба ватан бозгардонии фирориёни иҷборӣ журналисти ботаҷриба Шералӣ Мустафоқулов якчанд барномаҳои телевизионӣ, мақолаҳо таҳия карда, дастрасӣ мардум ва ҷаҳониён гардонидааст. Ӯ нахустин журналисте мебошад, ки ба ноамниҳо нигоҳ накарда, нотарсона филми мустанади таърихиро аз вазъияти Кампи Сахӣ наворбардорӣ кардааст. Филми мазкур ҳамасола дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ нишон дода мешавад. Дар асоси он чанд филми мустанади дигар низ таҳия гардидааст.

Илова ба ин, бо ташаббуси ӯ, ки аз хостаҳои фирориён мебаромад, дар радиои тоҷик барномаи “Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар” таҳия гардид. Баъд аз ин ба номи ин барнома ҳамарӯза ба ихтиёри гурӯҳи корӣ даҳҳо нома аз фирориёни Кампи Сахӣ мерасид. Ҳамаи онҳо ҷамъоварӣ гардида, ба Душанбе ба идораи барномаи мазкур ирсол мешуданд. Бо талаби фирориёни тоҷик дар Кампи Сахӣ чанд баландгӯякҳо насб карда шуданд, ки аз тариқи онҳо ҳама ин барномаро мешуниданд. Бо шунидани он ҳисси ватанпарварӣ ва майли ба ватан баргаштани фирориён дубора бедор мешуд. Ҳамин тариқ, алоқаи фирориён бо Ватан барқарор гардид.

Ба ғайр аз ин, дар байни фирориёни тоҷик маводи зиёди таблиғотӣ, ки аз тарафи ҷамъияти тоҷикони ҷаҳон “Пайванд” дар шакли лавҳаву плакатҳо зери шиори “Мо барои васл кардан омадем” таҳия гардида буд, паҳн карда шуд. Ин мавод низ дар баргашти фирориён ба ватан нақши мусбатро иҷро кард.

Тақрибан моҳҳои март – апрели соли 1993 журналисти варзидаи тоҷик Умед Бобохонов, ки он вақт рӯзноманигори “Комсомолская правда” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, якҷоя бо рӯзноманигори дигари шинохтаи рус Игор Ротар аз “Независимая газета” ба Мазори Шариф сафари хизматӣ доштанд. Муддати ду ё се ҳафта дар меҳмонхонаи Расули Барот ҳамроҳи мо иқомат доштанд ва аз зиндагии фирориёни тоҷик аз наздик шинос шуданд. Дар матбуоти он давра хабарҳои зиёди онҳо низ доир ба ин мавзӯъ ба чоп расидааст.

Бархӯрди мардуми афғон нисбат ба шаҳрвандони тоҷик бисёр самимӣ буд. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки ҳаматарафа ба тоҷикон кӯмак намоянд. Дар ин байн гурӯҳи корӣ бо лашкаркашони тоҷиктабори афғон ба монанди генерал Муъмин – фармондеҳи дивизияи 70–уми Ҷамъияти Исломии Афғонистон, генерал Абдурашид Дӯстум – роҳбари Ҷунбиши Миллии Исломии Афғонистон, генерал Мир Алам – фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Ҷунбиши Миллии Исломии Афғонистон ва ғайра вохӯриҳои зиёде дошт. Дар ин вохӯриҳо онҳо аз иқдоми гурӯҳи корӣ оид ба бозгардонии фирориён ҳаматарафа дастгирӣ карда, кӯмаки беғаразонаи худро пешниҳод мекарданд.

Дӯстони тоҷири афғонамон Ҳоҷӣ Абдурауф, Муҳаммад Карим, Вазир Муҳаммад дар ширкатҳои тиҷоратиашон даҳҳо фирориёни тоҷикро шомил гардонида, ризқу рӯзиашонро медоданд.

Шодравон Бабрак Кармал - Президенти собиқи Афғонистон он сол гирифтани визаи хуруҷии Россияро интизорӣ кашида, дар ҳамсоягии гурӯҳи корӣ дар хонаи алоҳида зиндагӣ мекард. Ӯ бисёр мехост, ки зудтар масъалаи виза ҳал гардаду ба Россия ба дидори зану фарзандонаш биравад. Бо эшон қариб ҳар рӯз дар боғчаи назди манзили муваққатиамон суҳбатҳои тӯлонӣ доштем. Он кас ҳама вақт исрор мекарданд, ки фирориёни тоҷик ҳатмӣ ба ватан баргардонида шаванд. Ба қавли президенти собиқи Афғонистон, дар кӯтоҳтарин вақту замон вазъияти сиёсӣ - низомии Афғонистон ва хусусан вилоятҳои шимолии он буғранҷтар мегардад. Бинобар ин, аз роҳбари гурӯҳ хоҳиш мекарданд, ки ҳарчи зудтар масъалаи баргашти фирориёнро бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал кунад. Пешгӯии ӯ дуруст баромад. Се сол баъд, яъне соли 1996 ба саҳнаи сиёсии Афғонистон ҳаракати “Толибон” ворид шуд. Худи ҳамон сол “Толибон” ба шимоли Афғонистон ҳамла карда, онро пурра зери итоати худ даровард. Вале то он вақт аксарияти фирориёни Кампи Сахӣ аллакай ба ватан баргашта буданд.

То охири соли 1993 аз Кампи Сахӣ, аз рӯи омори тартибдодаи Комиссариати Созмони Милали Муттаҳида оид ба кор бо фирориён, дар ҳудуди беш аз 20 000 фирории тоҷик ба ватан баргардонида шуд, ки ин як муваффақияти бузурги гурӯҳи кории аввалин ба ҳисоб меравад. Барои тезонидани ин маърака дар давоми ҳафта се маротиба қатораҳо бо кашонидани фирориён машғул буданд.

Хулоса, дар давоми кори яксолаи худ гурӯҳи кории аввалини ҳукуматӣ ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, аз уҳдаи вазифаи ба зимма гузошташуда баромада, аксарияти фирориёнро аз ин минтақа берун кашид. Гурӯҳҳои кории баъдӣ то солҳои 1996 – 1997, яъне замони зери тасарруфи “Толибон” қарор гирифтани шимоли Афғонистон, бозгардонии фирориёнро идома доданд.

23-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои халқи куҳанбунёди тоҷик муборак бошад.

Бигзор халқи тоҷик дигар бора ба чунин мусибат дучор нагардад!

Намехоҳам, ки дубора тоҷикон дар ғарибӣ сарсону овора, зери хаймаву заминканҳо зиндагӣ кунанд, занону духтарони тоҷик ғуломи дигарон бошанд!

Ваҳдати миллии ба машаққат ба дастомада поянда бод!


Сангинов Н. Н.

мудири шуъбаи 

Осиёи Марказии

Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ


Манбаъ: https://osiyoavrupo.tj/index.php/mavodhoi-ilmi/maqolaho/item/851-ba-ze-khotira-o-az-arajoni-bozgardonii-firorijoni-to-ik-az-kampi-sakhii-viloyati-balkhi-af-oniston-soli-1993


Комментарии для сайта Cackle