Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Оё ин шеър аст?


17.06.2020 22:20

: 565

Дар рӯзҳои карантин хостем барои судманд гузаронидани вақти набераҳоямон намунаи як-ду шеъри бачагонаро, ки дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” санаи 28.05.2020 ба табъ расида буд, бо қалами шоир Низом Қосим, бихонем. Як саҳифаи рӯзнома бахшида ба Рӯзи муҳофизати кӯдакон, 1-июн, шеърҳои шоирро ҷой дода буд.

Вақте шеъри “Борон”-ро:

Борон бибор,

Савғо биёр-

Оби тоза чун ҳавои пагоҳӣ,

Сабзаи чун абрешиму чу шоҳӣ,

Чӯҷаҳои беқарори шитобон,

Рангинкамони ҳафтранги тобон,

Кӯчаҳои тоза чун рӯи шуста,

Бачаҳои дар хонаҳо нишаста!

хондам, наберачаам, ки хеле зираку шеърфаҳм аст, ба рӯям суоломез нигариста, "бобоҷон, шеър хонед, ин чӣ хел шеър аст?” гуфт.

Дар ҳақиқат, мо ҳам дар ҳайрат мондем, ин шеър на вазн дошту на қофия ва на мазмуни наву на ба дили кӯдак нишастан дошт. Воқеан, шеъри кӯдакона навиштан ҳунари ҳар як шоири варзида нест, барои шеъри кӯдакона навиштан ба олами кӯдакон ворид шудану дунёро бо чашми кӯдакона тасвир кардан аст.

Бинобар ҳамин ҳам, шеъри шодравон, шоири халқии зиндаёд Мирсаид Миршакар “Ман калон мешавам, қаҳрамон мешавам” ва шеъри шоираи маҳбуб Гулчеҳра Сулаймонова “Бибиҷонам меояд, дилу ҷонам меояд” ҳеҷ гоҳ куҳнашавию аз дил рафтанӣ нест.

Беҳтар мешуд, чунин шеърҳои оҷиливу тақвимӣ, саногӯи ва устуратарошӣ ба адабиёт ворид намешуд, боз дар рӯзномаи бомақоми “Адабиёт ва санъат”, ки хонандагони бо фарҳанг дорад…


Муҳаммадӣ Додарҷон,

Ҳафизаи Бобоҷон

ш. Душанбе


Комментарии для сайта Cackle