Тағйироти кадрӣ: директори “Тоҷик Эйр” барканор, раисони 11 шаҳру ноҳия нав шуданд

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 4 ноябр, бо натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии кишвар як қатор тағйироти кадрӣ ворид кардаанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад.

Ба иттилоъи манбаъ, бо фармонҳои Президент, раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Вахш, Кӯшониён, Фархор, Шамсиддин Шоҳин, Қубодиён, Муъминобод ва Дӯстии вилояти Хатлон ва раиси ноҳияи Сангвор аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба таъин гардиданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Тоҷикистон, ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев”, директори Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаи Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” таъин карда шудаанд.

Ҳамчунин, бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон, Парвиз Шодмонзода аз роҳбарии ширкати “Тоҷик Эйр” барканор шудааст. Шодмонзода охири моҳи сентябри соли 2022 ба ин вазифа таъин шуда буд. Ҳоло маълум нест, ки ба ҷойи вай кӣ роҳбари ин ширкати ҳавопаймоӣ таъйин шудааст.

Тибқи қарори дигари Ҳукумат, Зафарбек Давлатзода бо сабаби гузаштан ба кори дигар аз вазифаи директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ барканор ва Зариф Назирӣ, ки то ин вақт раиси ноҳияи Фархор буд, ба ин вазифа таъин шудааст.

Тибқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад – муовини якум, Назарзода Ризо Шодӣ, Насулобекзода Диловаршо Насуллобек ва Нуриддинзода Некруз Зиёвиддин  – муовинони раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардида, Фурқати Ҳукумат ва Амирбекзода Ҳабибулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовинони раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шудаанд.

Амид Комилбек – раиси нави шаҳри Хоруғ ва Сироҷиддин Раҷабзода ректори нави Донишгоҳи Хоруғ таъин шудаанд.

Тоҷиддин Нурмаҳмадзода аз вазифаи муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ озод ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Сангвор таъин гардидааст.

Бо фармони дигари Президент, Фароғат Аҳмадзода бо сабаби расидан ба синни ниҳоӣ аз вазифаи судяи Суди ноҳияи Сино озод шудааст.

Ҳамин тавр нафарони зерин аз роҳбарии шаҳру навоҳии зер озод ва ба ҷойи онҳо нафарони дигар таъин шудаанд:

  • Маҳмадшоҳ Давлатзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси ноҳияи Сангвор барканор ва Тоҷиддин Нурмаҳмадзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Сангвор таъин гардидааст;
  • Зафар Гулзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин озод ва Муслиҳиддин Маҳмудзода раиси ин ноҳия таъин шудааст.
  • Мирзодавлат Сабурзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён озод ва Даврон Нишонзода ба ҷойи ӯ раиси ин ноҳия таъин шудааст.
  • Дилшоди Давлаталӣ ба ҷойи Зариф Назирӣ иҷрокунандаи раиси ноҳияи Фархор таъин шудааст;
  • Фаррухуддин Набизода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ озод ва ба ҷойи ӯ Зафар Гулзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин шудааст.
  • Сайвалӣ Амирзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Муъминобод озод ва Дилшод Ризозода иҷрокунандаи раиси ин ноҳия таъин гардидааст.
  • Муҳамадшариф Холзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён озод ва Қурбоналӣ Юсуфзода иҷрокунандаи раиси ин ноҳия таъин шудааст.
  • Даврон Нишонзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Дӯстӣ барканор ва Шералӣ Собирзода ба ин вазифа таъин шудааст.
  • Қурбоналӣ Юсупов бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Вахш озод ва ба ҷои ӯ Қурбон Вализода иҷрокунандаи раиси ин ноҳия шудааст.
  • Умедҷон Носирзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Дарвоз озод ва Ҳабибулло Амирбекзода, ки то ин вақт муовини раиси ВМКБ буд, иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия шудааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 4 ноябр, кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншударо ба ҳузур пазируфта, зимни бо онҳо ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон ҳидоят намудаанд.

Таъкид гардидааст, ки барои кадрҳои ба роҳбарии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъиншуда вазифаи аз ҳама муҳим бо фарҳанги баланди муошират кор кардан бо мардум аст.

Дастур дода шудааст, ки барои кори босамар бо мардум ва ҷалби соҳибкорону сокинони ҳимматбаланд ба корҳои ободонию созандагӣ соҳибташаббус ва пешкор бошанд.

Ҳамчунин, ба кадрҳои дар дигар соҳаҳо ба корҳои роҳбарӣ таъингардида супоришу тавсияҳои мушаххас дода шудааст.

Таъиноти кадрӣ 04.11.2026