Намояндагони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM, ки аз 3 то 5 ноябри соли 2026 дар шаҳри Лондони Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ баргузор мегардад, иштирок доранд. Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар доираи намоишгоҳ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон ташкил карда шудааст, ки дар он зарфияти фарогири соҳаи сайёҳӣ, захираҳои нодири табиӣ, мероси ғании таърихию фарҳангӣ, мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ ва имконоти рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ муаррифӣ мегарданд.
Гуфта мешавад, иштироки Тоҷикистон дар яке аз намоишгоҳҳои бонуфузи байналмилалии соҳаи сайёҳӣ барои муаррифии бештари имконияти сайёҳии ҷумҳурӣ дар бозори ҷаҳонӣ, таҳкими мавқеи ҷумҳурӣ ҳамчун макони ҷолиби сайёҳӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ин намоишгоҳ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаи сайёҳӣ, ба роҳ мондани робитаҳои мустақим бо ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ, табодули таҷриба ва дарёфти шарикони нави ҳамкорӣ имконияти мусоид фароҳам меорад.
Иштироки Тоҷикистон дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ ба баланд бардоштани муаррифии сайёҳии ҷумҳурӣ, ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ва муаррифии имконоти нодири Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.




