Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз, 4 ноябр, дар доираи сафари расмӣ дар Узбекистон аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуд.
Ба иттилоъи дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, зимни боздид Рустами Эмомалӣ бо тарҳи меъморӣ ва консепсияи Марказ, толорҳои намоишии осорхона ва маводи илмие, ки мероси ғании таърихӣ, маънавӣ ва зеҳнии тамаддуни исломиро инъикос менамоянд, шинос шуд.











