“Раҳбароне ҳастанд, ки танҳо аз рӯи мансаб роҳбарӣ мекунанд, вале раҳбароне низ ҳастанд, ки бо даъвати дил ва табиатан роҳбар мебошанд.
Расулов Ҳамрохон Ҳасанович маҳз чунин инсон буданд. Ҳамрохон Ҳасанович на танҳо равандҳои кориро идора мекарданд, балки метавонистанд ба одамон илҳом бахшанд ва ҳатто дар лаҳзаҳое, ки мо ба худ шак мебурдем, ба нерӯи мо ҳамавақт бовар доштанд.
Дониш, сабр, адолат ва муомилаи баланди Ҳамрохон Ҳасанович моро дар Маҷлиси намояндагон ба як оилаи ҳақиқӣ табдил дод.
Мо танҳо як роҳбарро бой надодем – мо як Устоди ғамхор ва инсони дорои дили бузургро аз даст додем…”
Ин порае аз эътироф ва тавсифномаи дӯстону шогирдон нисбат ба собиқ роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Ҳамрохон Расулов аст.
Агар умр вафо мекард, имрӯз, 24 октябр, Ҳамрохон Расулов 77-сола мешуд. Ин сана бозгӯи роҳи зиндагии мардест, ки солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ фаъолият кардаву масъулияти худро дар назди давлату мардум иҷро кардааст.
Ҳамкорону шогирдонаш имрӯзро фурсати ёдоварӣ аз шахсе медонанд, ки солҳои тӯлонӣ дар хизмати давлату мардум буд ва дар муносибат бо атрофиён ба инсондӯстӣ, хоксорӣ ва масъулият арҷ мегузошт.
Дӯстону шогирдонаш ӯро аз ҷумлаи ашхосе меноманд, ки “меҳвари зиндагияшон амалҳои нек аст”.
Дар хотираи ҳамкорон ӯ на танҳо ҳамчун роҳбар, балки ҳамчун инсоне боқӣ мондааст, ки аз мушкилоти кормандон бохабар мешуд ва барои дастгирии онҳо талош мекард.
Ёдаш гиромӣ бод!
_
МУХТАСАРИ ЗИНДАГИНОМА
Ҳамрохон Расулов 24 октябри соли 1949 таваллуд шудааст.
Фаъолияти меҳнатияшро ба ҳайси муаллими мактаби миёнаи № 6-и шаҳри Кӯлоб оғоз кардааст.
Баъдан дар Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб ба ҳайси нозири шуъбаи мактубҳо ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон ва инструктори шуъбаи ташкилӣ фаъолият намудааст.
Сипас котиби Кумитаи иҷроияи ноҳияи Ховалинг будааст.
Дар вилояти Хатлон мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи вилоят ва баъдан мудири шуъбаи корҳои Кумитаи иҷроияи вилояти Хатлон шуда кор кардааст.
Дар вазифаҳои минбаъда котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Идораи молиявию хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Солҳои 2004-2016 роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Барои фаъолияти бисёрсола бо ҷоизаю мукофотҳои гуногун, аз ҷумла ордени “Шараф” дараҷаи I, сарфароз гардидааст.




