Ифтитоҳи фосилавии 90 иншооти таъиноти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъиноти гуногунро, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд ёфтаанд, ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад.

Дар шаҳри Хоруғ 8 иншоот, аз қабили корхонаи коркард ва басту банди партовҳои сахти маишии ҶДММ “Атрофи тоза” бо 10 ҷойи корӣ, корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши “Панасея” бо 6 ҷойи кори доимӣ ва 80 мавсимӣ, корхонаи бетони ҶДММ “Сомони давр” бо 10 ҷойи кор, кӯдакистони хусусии “Ширинҷон” барои 100 таълимгиранда, кӯдакистони хусусии “Дилноза” барои 60 кӯдак бо 6 ҷойи кор, муассисаи таҳсилоти томактабии “Рисолат” барои 60 кӯдак бо 12 ҷойи кор ва Маҷмааи муосири варзишӣ бо 20 ҷойи кор ифтитоҳ гардида, 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявӣ, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд, навсозӣ ва мумфарш мегарданд, муаррифӣ карда шуд.

Дар ноҳияи Дарвоз бошад, Сарвари давлат 11 иншоотро ба истифода супориданд, аз ҷумла, корхонаи обҳои ташнашикани ҶДММ “Дарвоз аква” бо 30 ҷойи кор, муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 50 кӯдак, дар деҳаи Курговади ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвоз муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 60  кӯдак, корхонаи истеҳсолии обҳои ташнашикани ҶДММ “Парки иноватсионии саноатию технологӣ” бо 6 ҷойи кор, меҳмонхонаи “Помир роҳи абрешим” барои 30  меҳмон бо 10 ҷойи кор, панҷ меҳмонхонаи муосир дар деҳаи Зеви деҳоти Қалъаи Хумб барои то 150  меҳмон бо 20 ҷойи корӣ ва ҶДММ “Тоҷ Корея” оид ба парвариш ва банду басти моҳӣ бо 25 ҷойи кор.

Дар ноҳияи Ванҷ 12 иншоот, аз ҷумла Бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Садвадг бо 4 ҷойи кор, маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва ташхиси ноҳиявӣ барои 24 корманд, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 32 барои 100 хонанда дар як баст, муассисаи томактабии “Афсона” дар деҳаи Андарбак барои 60 тарбиятгиранда, муассисаи нави томактабии “Амина” дар деҳаи Удоб барои 60 кӯдак, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, се маркази хизматрасонӣ бо коргоҳҳои истеҳсолӣ ва меҳмонхона дар маркази ноҳияи Ванҷ бо 14 ҷойи кор, муассисаи таълимии томактабии “Дурахшандагон” барои 60 кӯдак дар деҳаи Лугад, муассисаи томактабӣ барои 60 кӯдак дар деҳаи Рованд ва муассисаи таҳсилоти томактабии “Чашмаи дониш” барои 60 кӯдак ифтитоҳ карда шуд.

Дар ноҳияи Рӯшон 12 иншоот, аз қабили неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 112 киловатт дар деҳаи Вранҷан, неругоҳи хурди обӣ бо иқтидори 25 киловатт дар деҳаи Биҷрав, неругоҳи обӣ бо иқтидори 15 киловатт дар деҳаи Девлох, майдони варзишии маркази ноҳияи Рӯшон бо 10 ҷойи кор, корхонаи саноатии банду басти мева ва тути хушк бо 20 ҷойи кор ва хатти интиқоли барқи 110 киловолт дар масофаи 42 километр ба истифода дода шуд.

Дар ноҳияи Роштқалъа 15 иншооти таъиноти гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид, аз ҷумла, муассисаи давлатии томактабии “Хирадмандон” дар деҳаи Шошбувад барои 60 кӯдак, муассисаи давлатии томактабии “Чеҳраи фардо” барои 60 кӯдак, муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 50 кӯдак, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24 барои 144 хонанда дар ду баст, парки саноатӣ бо 9 коргоҳ, гармхонаи муосир барои парвариши сабзавот ва муассисаи томактабӣ барои 200 кӯдак.

Дар ноҳияи Шуғнон 16 иншоот ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид, аз қабили муассисаи томактабии рақами 10 бо номи “Ганҷи миллат” барои 60 кӯдак, неругоҳи офтобӣ дар деҳаи Рож бо иқтидори 3 мегаватт, Парки саноатии ноҳияи Шуғнон иборат аз 6 коргоҳи саноатӣ бо 40 ҷойи кор, гармхонаи муосир ва ҳавзи моҳипарварӣ дар деҳаи Пашор, муассисаи таҳсилоти томактабии деҳаи Нишус барои 30 кӯдак, муассисаи таҳсилоти томактабии “Дурахшондагон” барои 60 кӯдак, муассисаи хусусии таҳсилоти томактабии №2 бо номи “Насли Истиқлол” барои 80 кӯдак ва муассисаи таҳсилоти томактабии №7 “Меҳри Пешво” барои фарогирии 60 кӯдак.

Дар ноҳияи Ишкошим бошад, дар рӯзи сафари кории Президент 9 иншоот ифтитоҳ карда шуд, аз ҷумла, муассисаи таҳсилоти томактабии №5 барои 60 кӯдак, 4 гармхонаи нави муосир бо 7 ҷойи кор, Парки саноатӣ бо 80 ҷойи кор ва қалъаи таърихии Ямчун баъди навсозӣ.

Дар ноҳияи дурдасти Мурғоб бошад, бахшида ба ҷашни Истиқлолият 4 иншоот сохта, ба истифода дода шуд, аз қабили бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, муассисаи таҳсилоти томактабии “Парасту” барои 60 кӯдак, муассисаи таҳсилоти томактабии “Дурахшон” барои 100 тарбиятгиранда, бинои нави нозироти андози ноҳия ва ду неругоҳи таҷрибавии бодӣ бо иқтидори умумии 200 киловатт неруи барқ.

Ба иттилоъи хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар доираи сафари кории Президент дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ғайр аз 90 иншооти тариқи фосилавӣ ифтитоҳшуда боз 185 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифтанд.

Ифтитоҳи фосилавии 90 иншоот дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 27.09.2026