Ифтитоҳи фосилавии 7 иншоот ва муаррифии лоиҳаи роҳи мошингард дар Ашт

Shared to Facebook

Имрӯз, 21 сентябр, дар идома сафари корӣ дар ноҳияи Ашт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ 7 иншооти гуногунтаъйинотро мавриди истифода қарор доданд.

Нахуст роҳи мошингарди Куруш-Бекобод мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ ва бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётӣ бунёд гардидааст.

Роҳи мошингарди Куруш-Бекобод масофаи 12,7 километрро фаро гирифтааст.

Ҳамчунин, Президент тариқи фосилавӣ роҳи мошингарди Хистеварз-Соҳилобро мавриди истифода қарор доданд, ки дар масофаи 10 километр бунёд гардида, яке аз иншооти муҳими инфрасохторӣ ба ҳисоб меравад.

Сарвари давлат ҳамчунин ба таври фосилавӣ бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Аштро ба истифода доданд.

Осоишгоҳи ҶДММ “Бунёд”, воқеъ дар мавзеи Аксикони деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт чорумин иншоотест, ки имрӯз Президент ба фаъолияти он оғоз бахшиданд.

Осоишгоҳи “Бунёд” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Истамой Мадалиева сохта шуда, барои 120 кат пешбинӣ шудааст.

Дар идома Президент ба таври фосилавӣ муассисаи таҳсилоти томактабиро дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Ашт мавриди истифода қарор доданд, ки барои 180 нафар пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин, майдони Нишони давлатии Тоҷикистон дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд.

Ба ғайр аз ин, Президент бинои нави иловагии мактаби №9 дар деҳоти Ориёни ноҳияи Аштро ба истифода доданд, ки он барои 240 хонанда пешбинӣ шудааст.

Дар идома ба Президент лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Бобоҷон Ғафуров – Ашт ба масофаи 106 километр муаррифӣ гардид.

Ин роҳи мошингард аҳамияти байналмилалӣ дошта, тавассути ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ашти вилояти Суғд убур намуда, Тоҷикистонро бо Узбекистон мепайвандад.

Тариқи фосилавӣ ифтитоҳи 7 иншоот ва муаррифии лоиҳаи роҳи мошингард дар ноҳияи Ашт 21.09.2026