Баъзе одамонро замон ба вазифа меорад. Баъзеи дигар ба вазифа меоянд, вале баъдтар худ ба як қисми таърих табдил меёбанд. Баъзе одамон вақте аз мансаб мераванд, ба назар мерасад, ки гӯё таърих ҳам оҳиста-оҳиста онҳоро аз ёд мебарад. Номи онҳо дар чанд сатри зиндагинома мемонад: соли таваллуд, ҷойи таҳсил, вазифаҳои ишғолкарда ва санаи аз вазифа рафтан. Баъдан солҳо мегузаранд ва он чанд сатр ҳам дигар ба касе чизе намегӯяд.
Аммо зиндагии баъзе одамон ба чанд сатр намеғунҷад. Алимамад Ниёзмамадов аз ҷумлаи ҳамин гуна чеҳраҳост.
****
Номи Алимамад Ниёзмамадов барои як насли бадахшонӣ бо солҳои сахту пурмоҷарои баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ҷанги шаҳрвандӣ, гуруснагиву камбизоатӣ, баста шудани роҳҳо, омадани созмонҳои байналмилалӣ, боз шудани дарҳои Бадахшон ба Чину Афғонистон ва ниҳоят ба давраи нисбатан ороми созандагӣ пайванд хӯрдааст.
Ӯ тақрибан дувоздаҳ сол раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон буд – аз 27 декабри соли 1994 то охири моҳи ноябри соли 2006. Ин вилоят дар он замон яке аз осебпазиртарин минтақаҳои Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Даврае, ки Бадахшон танҳо як гӯшаи зебои куҳистон набуд. Он рӯзҳо куҳҳо баландтар менамуданд, роҳҳо дарозтар буданд ва баста шудани роҳ метавонист зиндагии ҳазорон одамро дигар кунад.
Тоҷикистон аз имтиҳони сангин мегузашт: дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошт, корхонаҳо аз фаъолият мондаву иқтисод фурӯ рехта буд, маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ ба осонӣ дастрас намешуданд. Ҳазорон нафар маҷбур буданд, ки манзилҳои худро тарк кунанд.
Ва маҳз дар чунин рӯзҳо Алимамад Ниёзмамадов ба роҳбарии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъин шуд.
Аммо таъин шудани ӯ ба ин масълият танҳо вазифаи маъмурӣ набуд. Ин даврае буд, ки Бадахшон аз як ҳолати фавқулодаи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ тадриҷан ба марҳилаи нави муносибатҳои давлатӣ, иқтисодӣ ва байналмилалӣ мегузашт.
Барои амиқан дарк кардани вазъ бояд тасаввур намуд, ки раиси вилоят дар он солҳо бо чӣ рӯ ба рӯ мешуд: минтақае, ки аз марказ дур буд; роҳҳое, ки моҳҳо баста мешуданд; иқтисоде, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ такягоҳҳои пешинаашро аз даст дода буд; мардумоне, ки баъзеашон баргашта буданду баъзеи дигар ҳанӯз имкони бозгашт наёфта буданд.
Дар чунин шароит роҳбар будан танҳо нишастан дар утоқи корӣ ва имзо кардани ҳуҷҷат набуд. Балки ин масъулияти ҷиддӣ дар назди як гуруҳи бузурги одамон буд.
****
Алимамад Ниёзмамадов 11 августи соли 1943 дар шаҳри Хоруғ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.
Дар бораи овони наврасӣ ва ҷавонии Алимамад Ниёзмамадов маълумоти пароканда мавҷуданд.
Таҳсил ва фаъолияти нахустини меҳнатияш ба соҳаи кишоварзӣ ва ҳам ба идоракунии иқтисодӣ пайвандӣ дошт. Дар маълумоти тарҷумаиҳолияш омадааст, ки ӯ фаъолияти меҳнатияшро соли 1972 оғоз карда, дар сохторҳои “Тоҷикселхозтехника”, баъдан дар дастгоҳи Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ ва соҳаҳои кишоварзӣ кор кардааст.
Солҳои 1983-1985 дар Мактаби олии ҳизбии Тошканд таҳсил кардааст.
Баъдан вазифаҳои ҳизбӣ ва роҳбарии ноҳияро ба уҳда дошт: аз соли 1988 то соли 1992 котиби якуми Кумитаи ҳизбии ноҳияи Панҷ буд.
Ҳамин тавр, соли 1994, замоне ки Ниёзмамадов ба роҳбарии Бадахшон омад, пушти сараш танҳо таҷрибаи идоранишинӣ набуд. Ӯ таҷрибаи идоракунии ноҳия, кишоварзӣ, таъминот, иқтисод ва сохтори давлатии замони шӯравиро дошт.
Аммо Бадахшони соли 1994 дигар он Бадахшони пеш аз ҷанг набуд. Вазъи душвори иқтисодиву иҷтимоии вилоят пешорӯи Ниёзмамадов масъулияти бузург гузошта буд, аз ҷумла, муътадил гардондани вазъи сиёсӣ ва таъмини амнияти сокинон, баровардани вилоят аз бумбасти иқтисодиву коммуникатсионӣ, ташкили ҷойҳои корӣ ва манбаъи даромади сокинон…
Худаш ҳам ҳоло дар суҳбатҳояш таъкид мекунад, ки маҳз ҳамин се самт – ваҳдату оромӣ, роҳу иқтисод ва зиндагии шоиста фаҳмиш ва мароми ӯ дар замони фаъолияташ ба ҳайси раиси ВМКБ буд.
Ҳолдонҳо мегӯянд, Бадахшон дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз як тараф аз асароти ҷанги шаҳрвандӣ ва аз ҷониби дигар аз маҳдудиятҳои ҷуғрофӣ азият мекашид. Дар зимистон роҳҳои асосӣ баста мешуданд, ҳавопаймоҳо на ҳамеша имкони парвоз доштанд, вилоят аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ амалан ҷудо мемонд. Ба гуфтаи Ниёзмамадов, ҳамин мушкилот аз ҷумлаи монеаҳои асосӣ барои рушди Бадахшон буданд:
“Дар чунин шароит масъалаи роҳ танҳо масъалаи нақлиёт набуд. Роҳ – масъалаи нон буд. Роҳ – доруворӣ буд. Роҳ – сӯзишворӣ буд. Роҳ – робитаи иқтисодӣ ва сиёсӣ бо маркази ҷумҳурӣ буд. Қатъи фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ як мушкили ҷиддии дигар буд. Ҳатто истеҳсоли кишоварзӣ ба ҳадде коҳиш ёфта буд, ки масъалаи таъмини тухмӣ, нуриҳо ва техника ба мушкили ҷиддӣ табдил ёфта буд. Масалан, дар соли 1994 аз 466 трактори шудгоркунанда дар тамоми ҳудуди вилоят танҳо 287 коршоям буд.
Аз ин рӯ, роҳбарии Бадахшон дар он солҳо кори муқаррарии маъмурӣ набуд. Роҳбар бояд ҳамзамон бо масъалаҳои амният, ғизо, кишоварзӣ, роҳ, муносибат бо мақомоти марказӣ ва созмонҳои байналмилалӣ сарукор мегирифт”, — нақл мекунад ӯ.
Дар зимни таҳлилу баррасии ҳаводиси солҳои 1990-ум дар Бадахшон, бахусус, дар замоне ки Ниёзмамадов роҳбарии вилоятро ба уҳда дошт, канор гузоштани мавзӯъи кӯмакҳои башардӯстона ғайриимкон аст. Тибқи маълумоти манобеъи боз, танҳо то соли 1996 аз ҳисоби Хазинаи Оғохон ба Бадахшон 16 ҳазору 518 тонна орд, 3 ҳазор тонна биринҷ, 435 тонна шири хушк, 2 ҳазору 78 тонна равған, 700 тонна лӯбиёву наск, 260 тонна шакар ва 24 ҳазор ҷуфт пойафзол ворид шудааст.
Ин рақамҳо як ҳақиқати талхро нишон медиҳанд: минтақа дар он давра ба кумаки беруна сахт ниёз дошт. Ҳамин аст, ки ҳукумати вилоят таҳти роҳбарии Ниёзмамадов бо Хазинаи Оғохон, Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ, FOCUS, “Табибони бидуни марз”, Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ҳамкории васеъ мекард. Ба ин маънӣ, мешавад гуфт, ки дар давраи роҳбарии ӯ ҳукумати вилоят ба як низоми васеи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ворид шуд ва аз ҳамин роҳ захираҳои ҳаётан муҳим ба минтақа мерасиданд.
Шояд саҳми воқеии як роҳбар дар чунин вазъ маҳз ҳамин бошад: дари кӯмакро боз нигоҳ доштан, ташкил ва роҳандозии шарикӣ ва нагузоштан, ки минтақа танҳо бимонад.








****
Ниёзмамадов худ дар соҳаи кишоварзӣ обутоб ёфтаву ба вазифаҳои баланд расида буд. Табиист, ки ин таҷриба дар фаъолияти ӯ таъсир мегузошт.
Яке аз масъалаҳои асосии Бадахшон замин буд. Замини кам, иқлими сахт, истеҳсолоти пастрафта ва низоми куҳнаи колхозиву совхозӣ дигар ба шароити нави иқтисодӣ ҷавобгӯ набуд.
“Ба ин хотир, дар заминаи 58 колхозу совхоз 127 хоҷагии деҳқонӣ ташкил карда шуда, 73 фоизи заминҳои обёришавандаи вилоят, ки ин зиёда аз 3 ҳазор гектарро ташкил медод дар ихтиёри ин хоҷагиҳо қарор дода шуд, – ба ёд меорад Ниёзмамадов. – Ин тасмим дар партави сиёсати иҷтимоиву кишоварзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар давраи аввал 50 ҳазор гектар заминро ба сокинони ҷумҳурӣ тақсим карда буд ва баъдан боз зиёда аз 30 ҳазор гектар заминро ба шаҳрвандон дод, то ин ки худ ба кишоварзиву истеҳсоли маҳсулот машғул шаванд. Сокинони ВМКБ ҳам аз “замини президентӣ” баҳравар шуданд”.
Дар баробари ин, барномаҳои рушди кишоварзӣ дар солҳои 1996-2000 ва баъдтар барномаҳои рушди чорводорӣ ва парвариши қутос қабул шуданд.
Натиҷаи оморӣ низ ҷолиб аст. Тибқи маълумот, истеҳсоли ғалла дар ВМКБ аз 4 ҳазору 276 тонна дар соли 1992 ба 14 ҳазору 931 тонна дар соли 2004 расид. Истеҳсоли сабзавот аз 1 ҳазору 645 тонна ба 12 ҳазору 204 тонна ва истеҳсоли картошка аз 8 ҳазору 143 тонна ба 37 ҳазору 634 тонна расонида шуд.
Дуруст аст, ки дар паси ин рақамҳо меҳнати ҳазорон деҳқон, барномаҳои давлатӣ, кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ, беҳтар шудани таъминоти тухмиву сӯзишворӣ ва тағйироти иқтисодӣ меистад. Аммо роҳбарӣ маҳз дар ҳамин ҷо арзиш пайдо мекунад: муайян кардани самт, қабули қарор ва муттаҳид кардани имкониятҳо.
****
Баровардани вилоят аз бумбасти ҷуғрофӣ яке аз дигар вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳукумати вилоят буд. Ҳукумати ҷумҳурӣ раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионирро яке аз ҳадафҳои стратегӣ эълон карда буд. Роҳҳои аҳамияти байналмилалидоштаи Мурғоб-Қулма-Қароқурум, Кӯлоб-Дарвоз ва Душанбе-Хоруғ дар масири пайвасти марказ ба вилоят муҳимтарин бахши ин ҳадафи стратегиро ташкил медоданд. Ба маънои дигар, ин роҳҳо на танҳо воситаи баромадан аз Бадахшон, балки воситаи ворид шудани ҷаҳон ба Бадахшон буданд.
Ҳамин шуду соли 1997 сохтмони марҳилаи аввали роҳи Мурғоб–Қулма оғоз гардид. То моҳи декабри соли 1998 ҳаракати нақлиёт то ағбаи Қулма таъмин шуд. Дар солҳои баъдӣ роҳҳои Душанбе-Хоруғ ва Рӯшон-Басид низ таъмир шуданд. Баъдтар шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Қулма низ ба истифода дода шуд. Дарвоқеъ, дар оғози сохтмон ва баистифодадиҳии аксари ин роҳҳо саҳми Алимамад Ниёзмамадов махсус таъкид мешавад.
Ниёзмамадов мегӯяд, ҳеч вақт Бадахшонро танҳо ҳамчун минтақаи дурдасти куҳӣ намедид. Ӯ эътимод дошт, ки вилоят барои ба меҳвари иртиботи Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа табдил ёфтан имкониятҳои фаровон дорад. Бинобар ин, талошашро ба ин равона карда буд, ки ҳарчӣ зудтар роҳҳои пайвасти вилоят бо дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бунёду навсозӣ шаванд:
“Хушбахтона, ташаббусҳо барои бунёди роҳҳои нав ё таъмиру навсозии роҳҳои мавҷудаи вилоят аз сӯйи Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба дастгирӣ меёфтанд. Роҳбари давлат шахсан гурруҳои кориро вазифадор мекарданд, ки барои сохтмони роҳҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода шавад ва барои сохтану ба истифода додани онҳо ҳар имконияти мавҷуда самаранок истифода бурда шавад. Роҳи байни Тоҷикистон ва Чин тавассути гузаргоҳи Қулма-Қаросу яке аз минтақаҳои сохтмонаш мушкил буд. Аммо ҳамин талошу таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва корбарии ҳукумати вилоят буд, ки роҳ дар муҳлати муқарраршуда сохта шуд”.
25 майи соли 2004 ҳаракати нақлиёт байни Тоҷикистон ва Чин тавассути гузаргоҳи Қулма-Қаросу расман оғоз гардид. Ин воқеа, аз ҷумла, барои Бадахшон аҳамияти бузурги иқтисодӣ дошт.
Як сол баъд, моҳи июни соли 2005, дар Қошғар байни ВМКБ ва ҳавзаи маъмурии Қошғар ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, муносибатҳои марзӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ба тасвиб расид, ки онро раиси ВМКБ Алимамад Ниёзмамадов ва раиси Қошғар Акбар Ғафур имзо карданд. Дар санад масъалаҳои рушди тиҷорат, тандурустӣ, фарҳанг, маориф, варзиш, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳатто имкониятҳои омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва чинӣ баррасӣ мешуданд.
Дар ҳамон солҳо Ниёзмамадов ба рушди робита бо Афғонистон низ таваҷҷуҳ дошт. Дар Хоруғ ва ноҳияҳои Ишкошиму Дарвоз савдои наздимарзӣ ташкил шуда буд.
Бадахшон тадриҷан аз канори харита ба нуқтаи пайвастшавии чанд самти минтақаӣ табдил меёфт.








****
Агар роҳ рамзи берун омадан аз бумбаст бошад, энергетика рамзи дигаргунии зиндагии дохилии Бадахшон буд. Дар солҳои аввали истиқлол низоми энергетикии минтақа ба буҳрони сахт гирифтор шуд. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ таъминоти сӯзишворӣ қатъ гардида, неругоҳҳои дизелӣ хароб шуданд. Дар натиҷа аҳолӣ ба ҳезум вобаста гардид ва ҳатто муассисаҳои иҷтимоӣ дар зимистон аз камбуди барқ азият мекашиданд.
Дар чунин муҳит соли 2002 қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таъсиси “Помирэнерҷӣ” қабул гардид. Ин оғози марҳилаи нав дар фаъолияти энергетикии вилоят буд. Солҳои 1994-2000 бо ҳамкории Хазинаи Оғохон ва дигар созмонҳо 21 неругоҳи хурди обӣ сохта ва ба истифода дода шуданд, ки то андозае ниёзи аҳолӣ бо барқро бароварда месохтанд.
Аз сӯйи дигар, 3 ноябри соли 2002 дар мавзеи Теми шаҳри Хоруғ пуле ба истифода супорида шуд, ки ду соҳили Панҷ – Тоҷикистон ва Афғонистонро мепайвандад. Баъдтар дар солҳои 2004 ва 2006 дигар пулҳои байни ду кишвар низ кушода шуданд.
Ниёзмамадов дар ин раванд ҳамчун роҳбари вилоят иштирок дошту Бадахшон ҳам дигар танҳо сарҳади баста набуд. Он тадриҷан ба меҳвари равобити минтақаӣ ва байналмилалӣ табдил меёфт.
****
Ниёзмамадов танҳо раиси вилоят набуд. Ӯ дар низоми сиёсии ҷумҳурӣ низ мавқеи баланд дошт. Солҳои 1995-2000 вакили Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи интихоботии Шӯғнон буд. Аз соли 2000 узви Маҷлиси миллӣ гардид ва дар сохтори палатаи болоии парламент низ вазифаи роҳбарӣ дошт. 15 апрели соли 2005 ӯ ҳамчун раиси вилояти Бадахшон ноиби раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ интихоб шуд.
Моҳи ноябри соли 2006 яке аз марҳилаҳои муҳимми зиндагии сиёсии Ниёзмамадов фаро расид. Бо фармони Президенти кишвар, ӯ аз вазифаи раиси ВМКБ озод карда шуд. Баъдтар, соли 2007 ваколаташ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ҳам қатъ гардид.
****
Агар зиндагиномаи Алимамад Ниёзмамадовро ҳамроҳ бо фаъолияташ дар раъси ВМКБ ба баррасӣ гирем, мешавад гуфт, ки ӯ, пеш аз ҳама, роҳбари як давраи гузариш буд. Ин даврае буд, ки Бадахшон бояд аз чанд бунбаст якбора мебаромад: аз бунбасти сиёсӣ – ба субот; аз бунбасти иқтисодӣ – ба муносибатҳои нави бозорӣ; аз бунбасти ҷуғрофӣ – ба роҳҳои Кӯлоб, Қулма, Чин ва Афғонистон; аз вобастагии пурраи энергетикӣ – ба модели нави идоракунии энергетика; аз кишоварзии коллективӣ – ба хоҷагиҳои деҳқонӣ; аз як минтақаи дурдасти куҳистонӣ – ба ҳамкории байналмилалӣ.
“Ба шинохти ман, дар шахсияти Алимамад Ниёзмамадов як хусусият бештар намоён мешавад – амалгароӣ. Масалан, ӯ аз муҳити кишоварзӣ омада буд, вале худро танҳо дар чорчӯбаи кишоварзӣ маҳдуд накард. Ӯ медонист, ки барои деҳқон тухмӣ ва сӯзишворӣ лозим аст. Барои овардани онҳо роҳ лозим. Барои роҳ иқтисод лозим. Барои иқтисод барқ лозим. Барои барқ сармоя лозим. Барои сармоя муносибат бо берун лозим. Шояд аз ҳамин сабаб фаъолияти ӯро ҳамчун бояд ҳамчун як силсилаи ба ҳам пайванд баррасӣ намуд.
Роҳ, кишоварзӣ, энергетика, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналилалӣ, равобит бо кишварҳои муқтадире мисли Чину Русия – ҳамаи ин қисмҳои як масъала буданд: Бадахшонро аз бунбаст баровардан. Хушбахтона, Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳз ҳамин ҳадафҳоро пайгирӣ мекард. Фаъолияти зич ва равобити хеле наздик байни ҳукумати марказӣ ва ҳукумати вилоят раванди ободониву бунёдкориро метезонид. Азбаски Алимамад Ниёзмамадов дар як давраи бисёр ҳассоси таърихи Бадахшон дар маркази равандҳои муҳими суботи сиёсӣ, барқарорсозии иқтисодӣ, ислоҳоти кишоварзӣ, рушди роҳҳо, энергетика ва густариши робитаҳои беруна қарор дошт, ӯ тавонист, ки ҳамчун роҳбари вилоят аз ҳамин фурсату имконот фаровон истифода намояд ва дар рушду ободонии вилоят саҳми бузург гузорад”, — мегӯяд адиб ва рӯзноманигор Наҷмиддин Шоҳинбод.
Одамро танҳо аз рӯйи вазифаҳое, ки доштааст, шинохтан ғайриимкон аст. Вақте ки солҳо мегузаранд, вазифаҳо мемонанд дар саҳифаҳои ҳуҷҷатҳо, қарорҳо ва фармонҳо. Аммо худи одам дар хотираи дигарон зинда мемонад – дар як ҷумлаи гуфташуда, дар як пиёла чой, дар як дидори ногаҳонӣ, дар як кори кардаву ҳатто дар як насиҳати кӯтоҳ.
Алимамад Ниёзмамадовро низ аз ҳамин роҳ метавон дигар хел дид.
Дар яке аз матлабҳои ба хотираи Амонуллоҳ Ҳукумов бахшидашуда, ки ба қалами Фарид Маздак тааллуқ дорад, номи Ниёзмамадов ногаҳон байни ҳикояи дигаре пайдо мешавад. Аммо ҳамин чанд сатр, шояд аз чанд саҳифаи расмӣ бештар дар бораи худи ӯ мегӯянд.
Муаллиф ӯро “марди поктинат ва дӯсти вафодор” меномад ва менависад, ки Ниёзмамадов қаҳрамонии Амонуллоҳ Ҳукумов ва се навраси дигарро ба корнамоиҳои фарзандони даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ монанд медонист. Ҳатто бештар аз ин: муаллиф мегӯяд, к сабаби навиштани он очерк худи Алимамад Ниёзмамадов будааст – шахсе, ки мехост насли наврас аз шуҷоату корнамоиҳои одамони замони гузашта огоҳ бошад.
Ин ҷузъиёти хурд нест. Зеро аз он чеҳраи як Ниёзмамадови дигар намоён мешавад – на раиси вилоят, на вакил, на шахси мансабдор, балки одаме, ки барои зинда нигоҳ доштани хотираи дигарон таваҷҷуҳи махсус дорад.
Шояд ҳамин ҷо яке аз хусусиятҳои шахсии ӯро метавон дид: хотира барои ӯ вазифаи худро дорад.
Ӯ чизеро, ки муҳим мешуморад, намехоҳад бо гузашти вақт гум шавад. Ҳамин аст, ки ҳангоми суҳбат дар бораи Амонуллоҳ Ҳукумов низ суханаш танҳо таъриф нест. Ӯ аз солҳои ҷавонии Ҳукумов, аз хислатҳои ӯ, аз саховатмандӣ ва муносибаташ ба мардум ёд мекард. Ӯ ба ин бовар аст, ки ҳақиқатро баъзан на дар овозаҳои имрӯз, балки дар рӯзномаҳои дирӯз метавон ёфт.
Ва ин, ба назари мо, барои шинохти худи Ниёзмамадов хеле муҳим аст.
Хотираи дигаре аз муносибати Ниёзмамадов ба дӯстӣ дар матлабе дар бораи Охонлаъл Оламов ба назар мерасад. Охонлаъл Оламов аз дӯстони наздики ӯ буд. Ниёзмамадов дар бораи ӯ на аз минбари расмӣ, балки бо забони хотира сухан мегӯяд.
Ӯ ба солҳои ҷавонӣ бармегардад: соли 1960 чор ҷавони куҳистонӣ – худи Алимамад Ниёзмамадов, Охонлаъл Оламов, Шодӣ Шабдолов ва Бозхонд Бозмамадов ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил мешаванд. Чор ҷавоне, ки аз куҳистон омада буданд ва ташнаи илму дониш буданд. Аз забони ӯ ҳатто эҳсоси он муҳитро метавон шунид: баъзеҳо ба таҳсил кардани ҷавонони куҳистонӣ дар соҳаҳои техникӣ бо тамасхур менигаристанд. Аммо онҳо донишкадаро хатм карданд – ба гуфтаи Ниёзмамадов, “бо сари баланд”.
Баъдан зиндагӣ онҳоро ба роҳҳои гуногун бурд. Яке ба ин тараф, дигаре ба он тараф. Вазифаҳо дигар шуданд, шаҳрҳо дигар шуданд, масъулиятҳо дигар шуданд. Аммо, ба гуфтаи Ниёзмамадов, риштаи дӯстӣ канда нашуд. Онҳо боз якдигарро медиданд, сари як пиёла чой менишастанд ва суҳбатҳои солҳои ҷавониро идома медоданд.
Ниёзмамадов Оламовро дар хотир на ҳамчун як мансабдори гузашта, балки ҳамчун ҳамон ҷавони солҳои донишҷӯӣ нигоҳ доштааст. Дар хотирааш дӯсташ бо ҳамон чеҳраи ҷавонӣ мондааст.
Дар айни замон, дар хотираи дӯстон Алимамад Ниёзмамадов бештар ҳамчун одаме пайдо мешавад, ки дӯстиро ҳифз мекунад, гузаштаашро фаромӯш намесозад ва ба хотираи дигарон беэътино нест.
Шояд аз ҳамин ҷост, ки суханонаш ин қадар самимӣ садо медиҳанд.





****
Дар зиндагӣ баъзе намунаҳое аз дӯстиҳо ҳастанд, ки онҳоро на гузашти солҳо кам мекунанду на фосилаҳо. Баръакс, ҳар қадар вақт мегузарад, ҳамон андоза қадрашон афзун мегардад. Дӯстии Алимамад Ниёзмамадов бо ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов аз ҷумлаи ҳамин гуна дӯстиву рафоқат будааст.
Онҳо ҷавонӣ ва солҳои хизмати ҳарбиро якҷо гузарондаанд: хизмати ҳарбиро якҷо дар Гурҷистон адо кардаанд: давраи ҷавонӣ, қадами устувор дар зиндагӣ, дар фосилаи хеле дур аз зодгоҳу хонавода. Командирашон генерал Алберт Михайлович Макашов – афсаре, ки баъдтар дар Русия низ маъруф шуд, бо ин ду зодаи Тоҷикистон бо лутфу эҳтиром муносибат мекард.
Аммо барои Ниёзмамадов ва Раҳимов он солҳо, пеш аз ҳама, бо ҳамхизматӣ ва рафоқати ҷавонӣ дар ёд монданд.
Саидмӯъмин Раҳимов баъдтар дар варзиш ба яке аз чеҳраҳои маъруфи Тоҷикистону ҷаҳон табдил ёфт. Ӯ соли 1975 қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо шуд, ду бор қаҳрамони СССР гардид. Дар рушди варзиши кишвар саҳми бузург гузошт. Аз соли 1995 то 2004 Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро роҳбарӣ кард ва баъдан президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон буд. Аммо барои Ниёзмамадов, ҳамон тавре худаш мегӯяд, ӯ ҳама ҳамон Саидмӯъмини ҷавоне буд, ки солҳои хизмат дар паҳлӯяш меистод.
Шакармамад Сармадов, аз ҷумлаи дигар дӯстони онҳо мегӯяд, “дӯстиву рафоқати Алимамад ва Саидмӯъмин, дар ҳақиқат, хеле самимӣ ва шоистаи таҳсин буд. Дӯстии онҳо ба вазифа, унвон ё мақоми иҷтимоияшон вобаста набуд. Вақте ду нафар ҷавон дар як ҷо хизмат мекунанд, рӯзу ҳафтаву моҳҳои мушкили хизматро якҷо мегузаронанд, душвориҳои хизмати ҳарбиро мебинанду баъд ҳар кадом ба зиндагии худ меравад, байни онҳо чизе мемонад, ки бо ҳеч арзиши дигаре ҷуз дӯстӣ андозагириӣ карда намешавад.
Ниёзмамадов баъдтар роҳбари ВМКБ шуд, Раҳимов бошад, қаҳрамони ҷаҳон ва яке аз чеҳраҳои маъруфи варзиши тоҷик. Яке дар хизмати давлатӣ роҳи худро идома дод, дигаре варзиш ва тарбияи насли варзишгаронро интихоб кард. Аммо вақте ба ҳам рӯ ба рӯ мешуданду ҳамдигарро медиданд, ин ҳама мансабу унвонҳоро фаромӯш мекарданд, мисле ки дар байн чизе нест, ба ҷуз ду ҳамхизмате, ки солҳои ҷавонияшон онҳоро ба ҳам пайвастааст”.
Худи Ниёзмамадов ҳам мегӯяд, дар бораи Саидмӯъмин Раҳимов сухан гуфтан барояш танҳо аз як қаҳрамони ҷаҳон ё варзишгари соҳибмактаб ёд кардан нест. Ин ёд кардани як дӯст аст – дӯсте, ки як бахши даврони ҷавонияшро бо ӯ гузарондааст…
****
Аҳамияти иҷтимоии Ниёзмамадов танҳо дар он нест, ки ӯ раиси ВМКБ буд. Муҳимтар аз мақом ин аст, ки ӯ намояндаи як насли роҳбарон буд, ки бояд аз низоми куҳна ба воқеияти нав мегузаштанд.
Ин насл дар як замони одӣ ба саҳнаи давлатдорӣ наомад. Онҳо солҳои фаъолияти худро дар низоми шӯравӣ оғоз карданд, дар ҳамон мактаби идоракунӣ таҷриба гирифтанд, бо ҳамон меъёрҳои сиёсиву маъмурӣ ба камол расиданд, аммо ногаҳон худро дар воқеияти дигар – воқеияти истиқлол, иқтисоди бозорӣ, давлатдории миллӣ ва масъулияти мустақилонаи сиёсӣ пайдо карданд.
Ниёзмамадов низ аз ҳамин насл буд. Тавре ёдоварӣ намудем, ӯ фаъолияти меҳнатияшро дар соҳаи кишоварзӣ оғоз кард, аз вазифаҳои муҳандисӣ то роҳбарии соҳаи кишоварзӣ расид, дар сатҳҳои ноҳияву вилоят кор кард, котиби якуми ҳизбии ноҳияи Панҷ шуд ва баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба яке аз вазифаҳои масъултарини Тоҷикистон – роҳбарии ВМКБ омад.
Роҳбаре, ки дар давраи шӯравӣ идора кардани як ноҳияро омӯхта буд, акнун бояд дар шароите қарор қабул мекард, ки бисёре аз такягоҳҳои пешина дигар вуҷуд надоштанд. Давлат соҳибистиқлол шуд, муносибатҳои иқтисодӣ дигар шуданд, масъулияти минтақаҳо дар назди марказ ва аҳолӣ шакли нав гирифт ва аз роҳбар танҳо иҷрои дастур не, балки қобилияти пайдо кардани роҳи ҳалли мушкилоти нав талаб мешуд.
Ва дар ин гузариш як масъалаи бузургтар аз фаъолияти як мансабдор ба миён меомад: чӣ гуна аз таҷрибаи идоракунии гузашта истифода бурда, ба сохтани давлати нави миллӣ гузаштан мумкин аст?
Дар Тоҷикистон ин раванд тадриҷан бо ташаккули он чизе пайваст шуд, ки имрӯз аз он ҳамчун “мактаби давлатдории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” ёд мешавад.
Ин мактабро танҳо бо шумораи фармонҳои кадрӣ ё таъиноти мансабӣ чен кардан дуруст нест. Моҳияти он дар ташаккули фарҳанги нави масъулияти давлатӣ зоҳир мешавад: хизмат ба давлату миллат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими субот, баланд бардоштани касбияти хизматчиёни давлатӣ ва омода кардани насли нави роҳбарон.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз солҳои аввали роҳбарӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус медоданд ва пайваста мегуфтанд, ки сатҳ ва сифати идоракунии давлатӣ ба дониш, таҷриба, маҳорат, малака, масъулият, ташаббускорӣ ва салоҳияти касбии хизматчиёни давлатӣ вобаста аст. Ҳамзамон ба зарурати омода намудани кадрҳои баландихтисос, дорои ҷаҳонбинии васеъ, қобилияти ташкилотчигӣ ва малакаи идоракунӣ таъкид менамуданд.
****
Алимамад Ниёзмамадов дар таърихи муосири Бадахшон ҳамчун яке аз роҳбарони дарозмуддати минтақа боқӣ мондааст. Давраи фаъолияти ӯ ба солҳои барқарорсозии баъдиҷангӣ, ислоҳоти кишоварзӣ, густариши робитаҳои байналмилалӣ, ташаккули модели нави энергетикӣ ва кушода шудани роҳҳои нави минтақавӣ рост омад.
Алимамад Ниёзмамадовро танҳо аз рӯйи мансабҳое, ки дар тӯли чанд даҳсола бар уҳда дошт, шинохтан кофӣ нест. Зеро ҷойгоҳи воқеии ӯ бештар дар як давраи бисёр ҳассоси таърихи кишвар шакл гирифт – замоне ки як низоми сиёсӣ аз байн рафта, ҷомеа бояд бо воқеияти нави давлатдории миллӣ, иқтисоди бозорӣ ва муносибатҳои нави иҷтимоӣ мутобиқ мешуд.
Дар солҳои роҳбарии ӯ масъалаҳои амният, барқарорсозии роҳҳо, таъмини минтақа бо маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ, рушди кишоварзӣ, энергетика ва барқарор кардани робитаҳои иқтисодии ВМКБ бо дигар минтақаҳои кишвар ва хориҷ аз он ба рӯзномаи асосӣ табдил ёфтанд. Ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо сохторҳои Фонди Оғохон ва дигар созмонҳои байналмилалӣ низ дар ҳамин давра густариш ёфтанд. Роҳҳои Мурғоб-Қулма, Кӯлоб-Дарвоз ва дигар самтҳои муҳим, инчунин заминаҳои рушди энергетикаи Помир аз равандҳое буданд, ки дар давраи роҳбарии ӯ пеш рафтанд.
Довуд ИСМАТӢ
ИмрӯзNews




