Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир зимни мулоқот бо Намояндаи доимии Хазинаи байналмилалии асъор Ғозӣ Шбайкат дурнамои рушди саноат ва самтҳои минбаъдаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ХБА-ро баррасӣ кардааст.
Ба иттилоъи маркази матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар мулоқот вазъи имрӯзаи иқтисодиёти миллӣ, дурнамои рушди саноат ва самтҳои минбаъдаи ҳамкорӣ муҳокима шуд.
Бо дахли дастгирии созанда ва ҳамкории дарозмуддат дар татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди Тоҷикистон вазир гуфтааст, ки иқтисодиёти миллӣ рушди устувори мусбатро нишон дода, бахши саноат ҳамчун яке аз омилҳои асосии рушд мавқеи худро нигоҳ медорад.
Марҳилаи якуми Стратегияи миллии саноатикунонӣ муваффақона ба анҷом расонида шуд ва татбиқи марҳилаи дуюми он, ки ба таҷдиди иқтидори истеҳсолӣ ва тавсеаи иқтидори содиротии кишвар нигаронида шудааст, оғоз гардидааст.
Зикр гардидааст, ки бахши саноати Тоҷикистон, сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда – тарифҳои баланди энергетикӣ, маҳдудияти сӯзишворӣ ва мураккабиҳои логистикӣ, устувории худро нигоҳ медорад. Он ҳамзамон самтҳои нави рушдро, аз ҷумла дар соҳаҳои саноати сабук, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ фаъолона ба роҳ мемонад.
Ҷонибҳо барои густариши ҳамкории созанда, пеш аз ҳама, дар соҳаи омода намудани мутахассисон, рушди институтсионалӣ ва тақвияти иқтидор изҳори омодагӣ намудаанд.
Хазинаи байналмилалии асъор омодагии худро барои идомаи мусоидат ба Тоҷикистон дар татбиқи барномаи дарозмуддати рушди устувори иқтисодӣ тасдиқ намуд.




