Рустами Эмомалӣ бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I сарфароз шуд

Shared to Facebook

Ҳамчунин, боз 162 нафар аз Президенти кишвар мукофотҳои давлатӣ гирифтанд.

Имрӯз, 28 август, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гуруҳ собиқ вакилони иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад.

Зимни паёми шодбошӣ ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ Роҳбари давлат иброз доштаанд, ки тадбирҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ маҳз бо саъйу талоши ватандӯстона ва заҳмати аҳлонаву созандаи мардуми шарифи Тоҷикистон анҷом дода шудаанд.

Таъкид гардидааст, ки дар ин раванд саҳми соҳибкорони ватандӯст, ки дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати кишвар дар ободу зебо гардонидани кишвар фаъолона ширкат доранд, баръало эҳсос мегардад.

Президент изҳор доштаанд, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳама гуна ташаббус ва амалҳои созанда истиқбол намуда, аз дастоварду хизматҳои шоён ҳамеша қадрдонӣ мекунад.

Гуфта шудааст, ки дар саросари кишвар барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки фаъолона ва саҳми аҳолӣ, бахусус соҳибкорони бонангу номуси ҷумҳурӣ, 35 ҳазору 300 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода дода шуд. Ин тадбир боис гардид, ки имрӯз симои ҳамаи шаҳру ноҳияҳо куллан дигаргун шуда, садҳо ҳазор ҷойи корӣ таъсис ва шароити зиндагии мардуми кишвар бамаротиб беҳтар гардад.

Зикр карда шудааст, ки мардуми бонангу номуси мо бо азму иродаи қавии худ ва заҳмати софдилона Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта мегардонанд, шуҳрати онро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд ва бо ҳамин роҳ шоҳроҳи таърихии халқамонро, ки аз истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ оғоз гардидааст, сарбаландона идома медиҳанд.

Президент бо эътимод иброз доштаанд, ки 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони биҳиштосо неруи тоза мебахшад.

Сарвари давлат таъкид намудаанд, ки шахсони бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозгашта тамоми донишу таҷрибаи худро дар ҷодаи ободии кишвари азизамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа ва пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти Тоҷикистон равона месозанд.

Баъди суханронии Президент маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шудааст.

Бо фармони Президенти Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз гардонда шудааст.

Барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ 162 корманди соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мукофотҳои давлатии Тоҷикистон — ордени Шараф дараҷаи 1, ордени Шараф дараҷаи 2, унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 2, унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, унвони фахрии Донори ифтихории Тоҷикистон, медали Хизмати шоиста, медали ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техникаро гирифтаанд.

Бо фармони Президент “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, як қатор кормандон ва собиқадорон барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги кишвар, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд.

Сарвари давлат дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ саҳми ҳамаи ҳозиринро дар рушди соҳаҳо, шукуфоии сарзамин ва пешрафту тараққиёти пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе махсус таъкид намудаанд.

Натиҷаи қадршиносиҳост, ки имрӯз дар маросими мукофотсупорӣ 1 нафар бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1, 4 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 1, 10 кас бо ордени Шараф дараҷаи 2, 95 кас бо медали ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 13 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 2 кас бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 2, 3 нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 1 кас бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, 2 кас бо унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, 1 кас бо унвони фахрии Донори ифтихории Тоҷикистон, 21 нафар бо медали Хизмати шоиста сарфароз шудаанд.

Тибқи қарори Кумитаи дарёфти ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техникаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани ҷоизаи давлатӣ дар соли 2026, 8 нафар сазовори ҷоизаи давлатӣ дар соҳаҳои илм ва техника гардидаанд.

Ҳамчунин, як гуруҳ собиқадорони меҳнат ва собиқ вакилони Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон барои хизматҳои арзанда ва саҳми бузург дар рушди парламентаризми тоҷик бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд.

Зимнан, дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ кардани заҳмати намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла олимону омӯзгорон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат, коргарону сохтмончиён, кишоварзону соҳибкорон ва собиқадорони соҳаҳои мухталиф дар кишвари мо ба анъанаи неки даврони соҳибихтиёрӣ табдил ёфтааст.

Зимни мукофотсупорӣ Президент таъкид кардаанд, ки бунёди неругоҳҳои обӣ, навсозӣ кардани неругоҳҳои амалкунанда, сохтмони ҳазорҳо километр роҳу нақб ва пулҳо, ҳазорҳо корхонаи истеҳсолӣ, даҳҳо ҳазор иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ ба мо маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ муяссар гардид.

Сарвари давлат саҳми мардуми кишвар, аз ҷумла мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, собиқадорон ва дигаронро дар пешрафту ободонии кишварамон басо арзишманд номидаанд.

Президент бори дигар ҳамаи ҳозиринро, ки соҳиби мукофотҳои давлатӣ гардиданд, табрику таҳният гуфта, ба онҳо хоҳони барору муваффақият шудаанд.

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 28.08.2026