Тоҷикистон барои коҳиши норасоии маводи сӯхт дар бозори дохилӣ аз Эрон, дар маҷмӯъ, 2 миллиону 550 ҳазор тонна маҳсулоти сӯзишворӣ дархост кардааст. Ба ин миқдор нафти хом, бензин, сӯхти дизелӣ ва сӯхти ҳавопаймоӣ дохил мешавад. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.
Ин мавзӯъ рӯзи 15 август дар Теҳрон зимни мулоқоти вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон Фарзона Содиқ баррасӣ шудааст.
Ба иттилои Вазорати нақлиёт, Тоҷикистон аз Эрон чунин миқдори маводи сӯхт дархост кардааст:
— 2 миллион тонна нафти хом;
— 150 ҳазор тонна бензин;
— 300 ҳазор тонна сӯхти дизелӣ;
— 100 ҳазор тонна сӯхти ҳавопаймоӣ.
Тибқи маълумоти Вазорат, интиқоли чунин ҳаҷми маҳсулот тақрибан ба 51 ҳазор вагони роҳи оҳан ниёз дорад.
Азим Иброҳим дар мулоқот бо ҷониби Эрон гуфтааст, ки вазъи геополитикии ҷаҳон боиси коҳиши воридоти сӯзишворӣ ба Тоҷикистон шудааст. Ба гуфтаи ӯ, қаблан беш аз 80 дарсади сӯзишвории Тоҷикистон аз Русия ворид мешуд. Ҳоло Душанбе барои диверсификатсияи манбаъҳои воридотӣ, аз ҷумла, ба Эрон рӯ овардааст.
Барои интиқоли ҳаҷми зиёди маҳсулоти нафтӣ вазири нақлиёти Тоҷикистон аз ҷониби Эрон хост, ки имкони ташкили қатораҳои махсуси боркаш бо вагонҳои систерна фароҳам оварда шавад.
Ҳамчунин, пешниҳод шудааст, ки барои вагонҳои интиқолдиҳандаи маводи сӯхт ҳангоми ҳаракат дар шабакаи роҳи оҳани Эрон долони сабз ва режими махсуси транзитӣ ҷорӣ карда шавад.
Дар мулоқот масъалаҳои дигари нақлиётӣ низ матраҳ шудаанд. Тоҷикистон аз ҷониби Эрон, аз ҷумла, хостори фароҳам кардани имтиёзҳо барои таъсиси маркази логистикии “Тоҷикистон” дар бандари Чобаҳор шудааст.
Душанбе ҳамчунин хоҳони ҳалли мушкилоти мошинҳои боркаши Тоҷикистон дар қаламрави Эрон, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба иҷозатномаҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ ва меъёри маводи сӯхт дар зарфҳои мошинҳо шудааст.
Дар бахши авиатсия низ пешниҳод гардидааст, ки барои парвозҳои ширкати “Сомон Эйр” ба Эрон тахфиф дар хизматрасониҳои заминӣ, навигатсионӣ, таъминоти сӯзишворӣ ва суғуртаи парвозҳо пешбинӣ шавад.
Вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон гуфтааст, ки кишвараш барои ҳалли масъалаҳои пешниҳодшуда тавассути ҳамоҳангсозии гурӯҳҳои кории байниидоравӣ ва дастгирии лоиҳаҳо мусоидат хоҳад кард.
Дар мулоқотҳо ҳамчунин масъалаи таъсиси долони нави логистикии “Эрон – Афғонистон – Тоҷикистон – Чин” баррасӣ шудааст.
Дар доираи ин тарҳ сохтмони роҳи оҳан низ пешбинӣ мешавад. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ки татбиқи чунин лоиҳа сармоягузории назаррас талаб мекунад.
Азим Иброҳим гуфтааст, дар сурати татбиқи ин масир, роҳи заминӣ метавонад масофаи интиқоли борро нисбат ба баъзе хатсайрҳои мавҷуда то 2 ҳазор километр ва вақти интиқолро то 10 рӯз коҳиш диҳад.
Ба гуфтаи ӯ, ин дар ниҳоят метавонад арзиши ҳамлу нақли борро коҳиш дода, нақши Эронро ҳамчун маркази транзитии қитъавӣ тақвият диҳад.
Мувофиқи маълумоти пешниҳодкардаи мақомоти Тоҷикистон, ҳаҷми табодули маҳсулоти нафтӣ байни Тоҷикистон ва Эрон ҳоло тақрибан 800 ҳазор тонна дар як сол мебошад.
Ҳамзамон, дар шаш моҳи аввали соли 2026 байни ду кишвар 432 ҳазору 790 тонна бор интиқол дода шудааст. Аз ин миқдор 333 ҳазору 924 тонна тавассути роҳи оҳан ва 98 ҳазору 866 тонна тавассути нақлиёти автомобилӣ интиқол ёфтааст.
Вазорати нақлиёт мегӯяд, ҳаҷми боркашонӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 117,5 дарсадро ташкил додааст.




