Токаев пешниҳод кард, ки ҷанги Русия ва Украина “муваққатан боздошта” шавад

Shared to Facebook

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин пешниҳод кард, ки даргириҳои байни Русия ва Украина муваққатан боздошта шуда, музокирот бар асоси “Формулаи Истамбул 2.0” аз сар гирифта шавад. Матни суханронии Токаевро хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон нашр кард.

Изҳороти Токаев дар ҳошияи Форуми XXII ҳамкориҳои байниминтақавии Қазоқистон ва Русия, ки бо иштироки сарони ду кишвар дар Омск баргузор шуд, садо дод.

Токаев гуфт, аз ибтидо низои Русия ва Украинаро як муноқишаи байнидавлатӣ медонист, на кадом як ҷанги шаҳрвандӣ.

“Мо ҳамеша ба мардуми Украина, фарҳанг ва забони онҳо эҳтиром гузоштаем. Ба назари ман, вақти он расидааст, ки ин низоъ муваққатан боздошта шавад ва ҷонибҳо ба “Формулаи Истамбул 2.0” баргарданд, зеро дар он музокирот натиҷаҳои назаррас ба даст омада буданд. Пас аз он, бо кафолати қудратҳои бузург, аз ҷумла Русия, метавон ба сӯи сулҳи деринтизор ҳаракат кард”, — гуфт президенти Қазоқистон.

Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки Қазоқистон худро кишвари бетараф намеҳисобад, вале нақши миёнҷиро низ қабул намекунад.

“Ман қатъиян намехоҳам миёнҷӣ бошам, зеро Русия кишвари бузург аст ва мардуми рус миллати бузурганд. Бовар дорам, ки Русия худ метавонад масъалаҳои дар рӯзнома бударо ҳал кунад. Аммо хостам имрӯз назари шахсии худро баён намоям”, — афзуд Токаев.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ҳеҷ кас роҳи дақиқи баромадан аз вазъи кунуниро намедонад, аммо таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки “муваққатан боздоштани низоъ” метавонад яке аз роҳҳои коҳиши таниш бошад.

Токаев гуфт, идомаи ҷанг боиси ҳалокати ҷавонон мегардад, ки “фонди генетикии халқҳои бародари Русия ва Украина” мебошанд.

“Ҳамаи ин бояд қатъ шавад, зеро он чӣ имрӯз рух медиҳад, ба нафъи мухолифони ҳам Русия ва ҳам Украина аст”, — изҳор дошт ӯ.

Дар анҷоми суханронияш президенти Қазоқистон бори дигар таъкид кард, ки кишвараш ба шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ бо Русия содиқ мемонад.

“Дар мавриди мавқеи Қазоқистон нисбат ба Русия, ҳеҷ шакке надошта бошед. Мо ҳамеша Русияро як давлати бузург медонистем ва медонем. Мо ба ҳамкории стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ бо Русия, новобаста аз душвориҳо, пойбанд ҳастем”, — гуфт Токаев.