Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 22 июл, пас аз баргашт аз сафари давлатӣ ба Муғулистон бо Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода суҳбати телефонӣ анҷом додаанд. Зимни суҳбат ҳисоботи Раиси вилоят доир ба рафти бартарафсозии пасомадҳои офати табиӣ дар ноҳияи Рӯшон шунида шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Президент ба роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон супориш додаанд, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори ҳокимияти марказии кишвар дар муҳлати 1 моҳ оқибатҳои сели шадид дар ноҳияи Рӯшонро пурра бартараф намуда, ба мардуми осебдида барои барқарорсозии манзилҳои зист ва дигар иншооти маишӣ кумаки фаврӣ расонанд.
Таъкид гардидааст, ки супоришҳои дахлдор ба Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва роҳбарони мақомоти масъули ҷумҳуриявӣ низ дода шуда, рафти корҳои барқарорсозӣ таҳти назорати бевоситаи Роҳбари давлат қарор дорад.




