Дар натиҷаи якбора баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳо, рӯзи 20 июл дар деҳаҳои Баррушон ва Деҳрушони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сел ба амал омад. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, бар асари офати табиӣ ба манзилҳои истиқоматии сокинон зарари моддиву молӣ расида, аммо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Тибқи хулосаи Комиссияи вилоятӣ, дар натиҷаи рух додани офати табиӣ дар деҳаи Баррушон 10 хонаи истиқоматӣ пурра, 6 хона қисман ва 14 хона ба таври сабук зарар дидааст. Дар деҳаи Деҳрушон бошад, 4 хонаи истиқоматӣ қисман ва 6 хона ба таври сабук осеб дидааст, ки дар маҷмуъ 40 хонаи истиқоматиро ташкил медиҳад.
Тавре аз МИҲД ВМКБ хабар доданд, айни замон мутахассисон баҳогузории пурраи хисороти расидаро анҷом дода, барои ҳар як оилаи зарардида вобаста ба ҳаҷми зарар тадбирҳои мушаххаси дастгирӣ ва барқарорсозии манзилҳои истиқоматӣ амалӣ мегарданд.
Гуфта мешавад, аз нахустин лаҳзаҳои рух додани офати табиӣ вазъият таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, бо дастури Сарвари давлат тамоми сохторҳои масъул барои расонидани кумаки фаврӣ, таъмини амнияти аҳолӣ ва бартараф намудани пайомадҳои офат сафарбар гардиданд.
Бо дастури Президент, дар ноҳия таҳти роҳбарии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода ситоди доимоамалкунандаи вилоятӣ таъсис ёфта, фаъолияти шабонарӯзиро ба роҳ мондааст.
Ҳамчунин, бо дастури Сарвари давлат, сокинони зарардида ба ҷойҳои амну бехатар кӯчонида шуда, бо тамоми шароити зарурӣ таъмин гардиданд.
“Маводи ғизоӣ ва дигар маводи ниёзи аввал пурра ба ҳамаи оилаҳои зарардида дастрас карда шуда, пайваста зери ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маводи сохтмонӣ низ ба ноҳияи Рӯшон дастрас мегардад ва барои ҳарчӣ зудтар оғоз намудани корҳои барқарорсозии манзилҳои зарардида тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Ҳамзамон, бо истифода аз техникаву имконоти мавҷуда тоза намудани маҷрои сел, барқарор кардани роҳҳои маҳаллӣ ва дигар иншооти инфрасохторӣ бо суръат идома дорад. Ситоди доимоамалкунанда фаъолияти шабонарӯзиро ба роҳ монда, ҷараёни корҳои барқарорсозиро ҳамоҳанг месозад”, — гуфтанд дар ҳукумати вилоят.






___




