Имрӯз, 14 июл, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави Вазорати адлияро ифтитоҳ намуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар медиҳад.
Иншоот аз ду қисм иборат буда, дар бинои 1-ум ҳуҷраҳои кории роҳбарият, воҳидҳои сохторӣ, маркази қабули шаҳрвандон, толорҳои маҷлисӣ, машваратӣ, китобхона, ҳуҷраҳои хизматӣ, компютерӣ, видеоконференсия ва мисли инҳо ҷойгир карда шудааст.
Дар маҷмуъ, дар бинои нав инфрасохтори зарурӣ барои фаъолияти самараноки кормандони мақомоти адлия муҳайё гардидааст, аз ҷумла толори калони маҷлисӣ бо 500 ҷойи нишаст, толори хурди маҷлисӣ барои 140 нафар ва 7 толори машваратӣ ҳар кадом бо 40 ҷой омода аст.
Маркази қабули шаҳрвандон, китобхона, бойгонӣ, синфхонаҳои компютерӣ, типография, ҳуҷраҳои видеоконференсия, сервер, ошхона, анборҳо, толори машқ бо таҷҳизоти варзишӣ, ҳуҷраҳои таҷҳизоти зидди сӯхтор аз ҳуҷраҳои техникии вазорат маҳсуб меёбанд.
Гуфта мешавад, иншоот дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ба хотири фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва беҳдошти сатҳу сифати хизматрасониҳои давлатӣ бунёд шуда, бо таҷҳизоти муосири техникӣ ва технологияҳои рақамӣ таъмин мебошад.
Бо бунёди бинои нави Вазорати адлия якчанд идораи зерсохтори вазорат низ дар ин ҷо ҷойгир карда шуданд.





