Қазоқистон назорат бар содироти сӯзишворӣ дар марзро сахт кард

Shared to Facebook

Гурӯҳҳои сайёри назоратӣ дар Қазоқистон шабонарӯзӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ навбатдорӣ мекунанд, то аз қочоқи ғайриқонунии маводи сӯзишворию равғанҳои молиданӣ (ГСМ) пешгирӣ намоянд. Дар ин бора муовини вазири молияи Қазоқистон Ержан Биржанов дар ҷаласаи ҳукумат оид ба вазъи бозори сӯзишворӣ хабар дод.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти ҳукумат, дар доираи низоми идоракунии хавфҳо дар роҳҳои наздимарзӣ мошинҳои систернадор ва бензинкаш мавриди санҷиши қатъӣ қарор мегиранд. Танҳо дар давоми ду шабонарӯз дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ 61 кӯшиши интиқоли ғайриқонунии сӯзишворӣ дар зарфҳои иловагӣ ва борҷомаҳо пешгирӣ гардида, ҳаҷми умумии он аз се тонна бештар будааст.

Ҳамзамон, мақомоти даромадҳои давлатӣ фаъолияти 62 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва 22 корхонаи хурди коркарди нафтро мавриди таҳлил қарор додаанд. Дар ин иншоот афзоиши ғайримуқаррарии ҳаҷми хизматрасониҳо ба қайд гирифта шудааст.

Вазири корҳои дохилии Қазоқистон Ержан Саденов гуфтааст, дар минтақаҳои наздимарзӣ чораҳои назоратӣ боз ҳам пурзӯр гардида, шумораи кормандони ҷалбшуда барои гузаронидани санҷишҳои амиқ афзоиш дода шудааст.

Пештар Вазорати энергетикаи Қазоқистон тарҳи фармонеро таҳия карда буд, ки тибқи он манъи содироти бензин барои шаш моҳи дигар – аз моҳи ноябри соли 2026 то моҳи майи соли 2027 тамдид мешавад. Ин маҳдудиятҳо ба интиқоли бензин ба ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла, ба давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дахл доранд.

Дар ҳукумат ҳамчунин таъкид кардаанд, ки таъмини бозори дохилӣ бо сӯзишворӣ ҳамоно авлавияти асосӣ боқӣ мемонад. Бензин танҳо дар зарфҳои стандартии сӯзишвории воситаҳои нақлиёт иҷозаи интиқол дорад.

Хабарҳо дар бораи пурзӯр шудани назорат бар содироти сӯзишворӣ пас аз нашри гузоришҳои расонаҳо оид ба афзоиши ба истилоҳ “сайёҳии бензинӣ” аз Русия паҳн гардиданд. Бо сабаби боқӣ мондани фарқи назарраси нархи сӯзишворӣ, дар минтақаҳои наздимарзии Қазоқистон шумораи мошинҳои дорои рақамҳои давлатии Русия ба таври чашмрас зиёд шудаанд.

Ба гуфтаи коршиносон, сабаби чунин вазъ афзоиши фарқи нархи бензин байни Қазоқистон ва Русия дар тобистони соли 2026, инчунин мушкилоти таъминоти сӯзишворӣ дар як қатор минтақаҳои Русия мебошад.