Имрӯз, 30 июн таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд. Президент дар оғози маҷлис аз хизматҳои шоёни таҳсини Алишер Мирзонабот, раиси марҳуми Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки ҷасадаш субҳи 30 июн аз дарёи Панҷ ёфт гардид, ёдовар шуда, ба поси хотири ин фарзанди содиқи Ватан дақиқаи хомушӣ эълон намуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад.
Дар идомаи маҷлис нахуст дар бораи Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 гузориши вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода шунида шудааст.
Таъкид гардидааст, ки Барнома бо дарназардошти нақши пахтакорӣ дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, истеҳсоли ашёи хом барои рушди саноати сабуки хӯрокворӣ, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот ва ҷорӣ намудани механизми таъмини рушди устувори соҳаи пахтакорӣ таҳия карда шудааст.
Гуфта шудааст, ки пахтакорӣ яке аз бахшҳои муҳими комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар таъмини шуғли аҳолии деҳот, рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар нақши муҳим дорад. Инчунин зикр шуд, ки барнома ба ҳалли мушкилоти мавҷуда ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи пахтакорӣ, ба роҳ мондани парвариши навъҳои пахтаи ватанию хориҷӣ ва баланд бардоштани иқтидори кадрии соҳа равона гардидааст.
Сипас, Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 муҳокима гардидааст.
Таъкид шудааст, ки мақсади асосии Барнома зиёд намудани истеҳсоли пилла, таъмини шуғли аҳолӣ, рушди содирот, ҷалби сармоя ва муосиркунонии технологияҳои коркарди пилла ба шумор меравад. Ҳамчунин зикр гардидааст, ки лоиҳа ба панҷ самти асосӣ — ташкил ва рушди боғҳои тут, воридоти тухмии кирмак, парвариши кирмак, истеҳсоли пилла ва маҳсулоти тайёр пешбинӣ шудааст.
Дар бораи Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031 гузориши шахсони масъули соҳа шунида шуда, таъкид гардидааст, ки мақсад мусоидат намудан ба рушди китобхонаҳои деҳот, ташаккули низоми такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва тайёр намудани мутахассисон, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва ба талаботи муосир мутобиқ кардани фаъолияти онҳо мебошад.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки ҳадафи барнома аз таъмини китобхонаҳои деҳот бо таҷҳизоти компютерӣ, пайвастшавии онҳо ба шабакаи интернет, ташкили махзанҳои электронии китобҳо ва баланд бардоштани саводнокии кормандони китобхонаҳо ва ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон, ба китобхонӣ иборат мебошад.
Роҳбари давлат ба вазорату идораҳои марбута барои татбиқи барномаҳо супоришҳо доданд.
Дар кори маҷлис, ҳамчунин, масъалаҳо дар бораи нақшаи кори Ҳукумати Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2026, лоиҳаи Қонун “Дар бораи омори расмӣ”, лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ “Кристалл грин гласс” оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолу ғанигардонии кварс, шишаҳои панелӣ ва зарфҳои шишагӣ, Қоидаҳои воридшавии энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда ба системаи энергетикӣ ва фурӯши он ба истифодабарандагон ва дастгирии Фонди рушди сайёҳии Тоҷикистон баррасӣ гардидааст.
Дар фароварди кори маҷлис Президент дастур додаанд, ки дар заминаи татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” бо таҳияи барномаҳои фарогир тарғибу ташвиқи фарҳанги сулҳ дар дохил ва хориҷи кишвар васеъ ба роҳ монда шавад.
Ҳамчунин, барои вусъати кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, захираи тухмӣ, истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо тезондани корҳои ободонӣ ба масъулин дастуру тавсияҳо додаанд.





