Вазъият дар Афғонистон, сарфи назар аз талошҳои бархе кишварҳо барои барқарор кардани робита бо ҳукумати амалкунандаи Кобул, ҳамоно бузургтарин чолиш барои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Дар ин бора раиси амалкунандаи Шӯрои доимии СААД Виктор Василев дар Форуми байналмилалии ҳуқуқии Санкт-Петербург изҳор доштааст.
Ба иттилои ТАСС, Василев гуфтааст, ки вазъи печидаи амниятӣ дар Афғонистон то ҳол идома дошта, барои кишварҳои минтақа хатарҳои ҷиддӣ эҷод мекунад:
“Дар минтақаи масъулияти СААД дар Осиёи Марказӣ, Афғонистон ҳамоно чолиши асосӣ боқӣ мемонад. Бо вуҷуди иқдомҳои Русия ва як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ба роҳ мондани тамос бо ҳукумати амалкунандаи Кобул, вазъи амниятӣ дар ин кишвар ҳамоно мураккаб аст”, — изҳор доштааст ӯ.
Ба гуфтаи Василев, яке аз масъалаҳои нигаронкунанда тирборон шудани қаламрави Тоҷикистон аз ҷониби Афғонистон мебошад. Ӯ таъкид кардааст, ки чунин ҳодисаҳо ба амнияти давлати ҳампаймон таҳдид карда, таваҷҷуҳи бештари кишварҳои узви СААД-ро талаб мекунанд.
Раиси Шӯрои доимии СААД ҳамчунин изҳор доштааст, ки кишварҳои узви созмон ният доранд ҳамкориҳои худро барои муқовимат бо гуруҳҳои ифротгаро, ки дар минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон фаъолият доранд, тақвият бахшанд.
“Мо тасмим дорем иқдомҳои муштараки худро дар ин самт густариш диҳем, аз ҷумла барои безарар гардондани ҷангиён ва гуруҳҳои ифротгарое, ки ҳанӯз ҳам дар марзҳои шимолии Афғонистон ҷамъ мешаванд”, — гуфтааст Василев.
СААД пайваста аз тамаркузи ҷангиёни созмонҳои байналмилалии террористӣ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон, ки бо кишварҳои минтақа ҳаммарзанд, изҳори нигаронӣ мекунад. Роҳбарияти ин созмон борҳо аз хатари паҳн шудани терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳушдор додааст.




