Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар робита ба даргузашти фоҷиавии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот изҳори ҳамдардӣ намудааст.
Рустам Эмомалӣ дар таъзияномаи худ ба хислатҳои неки инсонӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба давлату миллат, хизматҳои арзандаи Алишер Мирзонабот дар рушди ҷомеа ва ҷойгоҳи хосаи ӯ дар хотири ҳамкорон таъкид кардааст.
_____
Изҳори ҳамдардии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бинобар марги фоҷиавии
раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ
_____
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти фоҷиабори муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ки дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ҳамроҳ бо ҳамсар ва фарзанди хурдсолаш ҷони худро аз даст доданд, сахт андӯҳгин мебошад.
Ба аҳли хонавода, пайвандону наздикони марҳумон, инчунин ба роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамдардии самимӣ ва тасаллияти амиқи худро иброз менамояд.
Мирзонабот Алишер Худобердӣ 26 августи соли 2022 аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум интихоб гардида, дар вазифаи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона ва масъулона фаъолият намудааст.
Ӯ 28 марти соли 2025 аз ҳамин ҳавзаи интихоботӣ ба ҳайси узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум интихоб шуда, аз 11 апрели соли 2025 ҳамчун муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар ва созанда анҷом медод.
Марҳум бо хислатҳои неки инсонӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба давлату миллат ва хизматҳои арзандааш дар рушди ҷомеа дар хотири ҳамкорон ҷойгоҳи хоса касб намудааст.
Хотираи неки Мирзонабот Алишер Худобердӣ ҳамеша дар қалбҳо зинда ва ҷовидон хоҳад монд.




