Субҳи имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар якҷоягӣ бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв дар ноҳияи Синои пойтахт бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии Маҷмааи бокс ва меҳмонхонаи панҷситорадор оғоз бахшиданд.
Ба иттилоъи масъулин, Маҷмааи бокс дар масоҳати 2,15 гектар сохта шуда, аз 3 ошёна бо 7000 ҷойи нишаст ва таваққуфгоҳ иборат хоҳад буд.
Ҳамчунин, ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар паҳлӯи маҷмаа меҳмонхонаи 5-ситорадори дорои 340 ҳуҷраи люкс ва стандарт бунёд карда мешавад.










