Низомиёни Тоҷикистон дар гузашти низомӣ бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки рӯзи 24 дар Маскав баргузор шуд, иштирок карданд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати мудофиа, гузашти низомии ҳайати шахсиро дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав командири Баталиёни қаровули фахрии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Файзимуҳаммад Ҳафиззода роҳбаладӣ намуд.
Ёдрас мекунем, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 июн барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 75-солагии Ғалаба бо сафари корӣ ба шаҳри Маскав рафт.
Эмомалӣ Раҳмонро дар Қасри Кремл Президенти Русия Владимир Путин истиқбол гирифт. Сипас аксгирии якҷояи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои як қатор кишвари ҷаҳон ва роҳбарону намояндагони ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ки барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати ҷашни Fалаба ба шаҳри Москва ташриф оварданд, баргузор гардид.
Президенти Русия Владимир Путин ба онҳое, ки даъватро пазируфтаву сарфи назар аз ҳолати душвори эпидемиологӣ ҷиҳати иштирок дар гузашти низомӣ бахшида ба 75-солагии Ғалаба ба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Маскав рафтанд, миннатдорӣ изҳор кардааст.
Дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар он 15 ҳазор низомӣ иштирок намуданд.
Бино ба маълумоти расмӣ, дар паради ҳарбӣ ҳамчунин 225 техника ва 150 тайёраи ҳарбӣ истифода шуда, 24 намунаи муосиртарин техникаи ҳарбӣ — мудофиавӣ муарифӣ карда шуд. Дар расми паради ҳарбӣ дар баробари намоядагии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ курсантони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, аскарону афсарони Полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд. Шумораи умумии иштирокчиёни Паради ҳарбӣ аз Тоҷикистон 75 нафарро ташкил дода, гузашти низомии ҳайати шахсиро дар Майдони Сурхи шаҳри Москва командири Баталиони қаровули фахрии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Ҳафиззода Файзимуҳаммад роҳбаладӣ намуданд.
Баъди анҷоми расми паради ҳарбӣ дар Майдони Сурх Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои дигар кишварҳои иштирокчии чорабиниҳои тантанавӣ дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузошта, хотираи қурбониёни ҷанги мудҳиши солҳои 1941-1945-ро гиромӣ доштанд.