
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино
Дар таърихи давлатҳои соҳибтамаддун давраҳое фаро мерасанд, ки таваҷҷуҳ ба шахсиятҳои бузурги миллӣ дар баробари арҷгузории фарҳангӣ ба ҷузъи муҳими сиёсати давлатӣ табдил меёбад. Дар чунин марҳилаҳо миллатҳо дар баробари гузаштагони худро гиромӣ доштан, бо такя ба мероси онҳо роҳи рушди ояндаи худро муайян менамоянд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 майи соли 2026 дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб маҳз аз ҷумлаи ҳамин гуна иқдомҳои таърихӣ мебошад.
Дар назари аввал, ин санад ба таъсиси як ҷоизаи нави илмӣ иртибот дорад. Аммо, дар асл, моҳияти он бисёр фарохтар аст. Ин ташаббус дар худ чанд ҳадафи муҳими сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ: гиромидошти хотираи яке аз бузургтарин фарзандони миллати тоҷик, таҳкими ҷойгоҳи Тоҷикистон дар фазои илмии ҷаҳон, ҳавасмандсозии таҳқиқоти нав дар соҳаи тиб ва муаррифии саҳми тамаддуни тоҷикон дар рушди фарҳанги башариро муттаҳид месозад.
Дар сиёсати фарҳангии даврони истиқлол масъалаи эҳёи хотираи таърихӣ ва муаррифии шахсиятҳои бузурги миллӣ мавқеи махсус касб кардааст. Ҷашнҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигар чеҳраҳои барҷастаи таъриху фарҳанги тоҷик аз ҳамин сиёсат сарчашма мегиранд. Аммо дар байни ҳамаи ин шахсиятҳо Абуалӣ ибни Сино ҷойгоҳи махсус дорад. Агар Рӯдакӣ рамзи адабиёти тоҷик ва Фирдавсӣ рамзи ҳифзи забон ва ҳувияти миллӣ бошад, Абуалӣ ибни Сино рамзи нубуғи илмӣ ва тафаккури ақлгароёнаи миллат маҳсуб мешавад.
Бузургии Шайхурраис дар он аст, ки ӯ тавонист аз муҳити маҳаллӣ берун рафта, ба яке аз чеҳраҳои сарнавиштсози таърихи илм табдил ёбад. Осори ӯ дар Шарқу Ғарб садсолаҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Асари машҳури ӯ «Ал-Қонун фи-т-тиб» дар тӯли чандин аср ҳамчун муҳимтарин китоби дарсӣ дар донишгоҳҳои Аврупо истифода мешуд. Баъд аз ихтирои дастгоҳи чоп маҳз ҳамин китоб яке аз аввалин асарҳое гардид, ки борҳо нашр шуд ва аз рӯйи шумораи табъ бо баъзе аз маъруфтарин китобҳои ҷаҳонӣ рақобат мекард. Аммо аҳамияти Абуалӣ ибни Сино дар он аст, ки дар баробари донандаи соҳаи тиб, ӯ аз ҷумлаи донишмандони энсиклопедистест, ки дар таърихи башар камназир мебошанд. Фалсафа, мантиқ, риёзиёт, физика, мусиқӣ, равоншиносӣ, ахлоқ, сиёсат ва ҷомеашиносӣ танҳо бахше аз соҳаҳоеанд, ки дар онҳо осори арзишманд аз худ ба ёдгор гузоштааст.
Имрӯзҳо мо шоҳиди онем, ки асри XXI асри дониш ва рақобати зеҳнӣ ба ҳисоб меравад. Агар дар асрҳои гузашта сарвати табиӣ ва иқтидори ҳарбӣ ҷойгоҳи давлатҳоро муайян мекарданд, имрӯз сармояи асосии миллатҳо илм, технология ва захираҳои инсонӣ мебошанд. Дар чунин шароит давлатҳое пеш рафтаанд, ки тавонистаанд донишро ба неруи пешбарандаи ҷомеа табдил диҳанд.
Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино ба ҳар яки мо паёми равшан медиҳад, ки мо бояд рушди тамоми соҳаҳоро бо илм, таҳқиқот ва маърифат пайванд диҳем.
Яке аз муҳимтарин ҷанбаҳои ин масъала ба мансубияти таърихии худи Абуалӣ ибни Сино иртибот дорад, зеро дар даҳсолаҳои охир баъзан баҳсҳое дар атрофи ҳувияти миллии ин нобиға ба миён омадаанд. Вале ҳангоми муроҷиат ба сарчашмаҳои илмии муътамад, маълум мегардад, ки дар ин масъала ҷойи баҳси ҷиддӣ вуҷуд надорад. Далели муҳимтаринро метавон дар «Большая советская энциклопедия» дид, ки солҳои 1949-1958 аз ҷониби даҳҳо донишманди маъруфи Иттиҳоди Шуравӣ таҳия гардидааст. Дар ҷилди 17-уми ин энсиклопедия Абуалӣ ибни Сино ҳамчун «файласуф, табиатшинос, табиб, риёзидон ва шоири барҷастаи тоҷик» муаррифӣ мешавад. Ҳамчунин махсус таъкид гардидааст, ки падари ӯ Абдуллоҳ тоҷик аз Балх ва модараш Ситорабону тоҷик аз Афшана будааст.
Аҳамияти ин маълумот дар он аст, ки сухан аз арзёбии муҳаққиқони тоҷик ё муаллифони муосир намеравад. Ин хулосаи олимони рус ва шуравӣ мебошад, ки ҳанӯз дар миёнаҳои асри гузашта дар яке аз муътабартарин энсиклопедияҳои илмии ҷаҳон нашр гардидааст. Муҳимтар аз ҳама, ин китоб дар муҳите ба табъ расидааст, ки масъалаҳои илмӣ нисбатан аз баҳсҳои сиёсии имрӯзӣ дур буданд. Аз ин рӯ, имрӯз вақте аз мансубияти миллии Абуалӣ ибни Сино сухан мегӯем, ба далелҳои илмӣ такя мекунем.
Боиси таваҷҷуҳи хос он аст, ки ин мавқеи илмӣ ҳанӯз пеш аз нашри ин энсиклопедия аз ҷониби устод Садриддин Айнӣ асоснок гардида буд. Дар солҳои сиюми асри гузашта, вақте ки масъалаи таърих ва ҳувияти тоҷикон ҳанӯз баҳсбарангез буд, Садриддин Айнӣ рисолаи машҳури «Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино»-ро таълиф намуд. Ӯ бо истифода аз сарчашмаҳои таърихӣ, таҳлили муҳити фарҳангии замони Сомониён ва омӯзиши осори худи Сино исбот кард, ки ин донишманди бузург дар муҳити тоҷикӣ ташаккул ёфтааст.
Махсусан, таъкиди Садриддин Айнӣ ба «Донишнома» аҳамияти бузург дорад. Ин асар ба забони форсӣ-тоҷикӣ таълиф гардида, яке аз нахустин донишномаҳои илмӣ ба ин забон маҳсуб мешавад. Ба андешаи устод Айнӣ, худи ҳамин воқеият нишон медиҳад, ки забони модарии Сино тоҷикӣ- форсӣ буда ва ӯ худро ҷузъи ҳамин муҳити фарҳангӣ медонист.
Дар воқеъ, нақши Садриддин Айнӣ ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи мероси Абуалӣ ибни Сино аз арзиши махсус бархурдор аст. Агар имрӯз ҷаҳон Синоро ҳамчун яке аз бузургтарин намояндагони тамаддуни тоҷик мешиносад, дар ин шинохт, саҳми ин ду нафар Қаҳрамони Тоҷикистон хеле бузург мебошад. Зеро устод Айнӣ тавонист дар давраи бисёр ҳассоси таърихӣ дар асоси далелҳои илмӣ шахсияти Синоро аз баҳсҳои сиёсӣ берун оварад ва Пешвои миллат тавонистанд дар замони муосир дар муаррифию шинохти бештари Сино саҳми назаррас гузоранд.
Дар баробари ин, муҳим аст, дарк намоем, ки Абуалӣ ибни Сино ҳамчун як фарзанди баруманди тоҷик ҳамчун яке аз бузургтарин намояндагони башарият шинохта шудааст. Бузургии ӯ маҳз дар ҳамин аст, ки аз муҳити миллии худ бархоста, ба сарвати умумии инсоният табдил ёфт. Аз ин рӯ, вақте Тоҷикистон имрӯз ҷоизаи байналмилалиро ба номи ӯ таъсис медиҳад, дар асл, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат мекунад ва аз номи яке аз фарзандони бузурги худ ба рушди илми ҷаҳонӣ саҳм мегузорад.
Маҳз ҳамин ҷанба ба ин ташаббус аҳамияти махсус мебахшад. Ҷоиза дар баробари он ки ҳамчун як василаи қадршиносии олимон аст, дар зимн, метавонад ба василаи муҳими дипломатияи илмӣ табдил ёбад. Зеро дар ҷаҳони муосир илм беш аз ҳар вақти дигар василаи ҳамкории байналмилалӣ гардидааст. Аз ҳамин рӯ, Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино метавонад минбари нави ҳамоиши олимон, табибон ва муҳаққиқони ҷаҳон гардад. Ин иқдом имконият фароҳам меорад, ки номи Тоҷикистон на танҳо бо мероси таърихӣ, балки бо ташаббусҳои муосири илмӣ низ пайванд хӯрад.
Дар шарҳи расмии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ махсус таъкид гардидааст, ки таъсиси ҷоиза барои рушди илми тиб ва низоми байналмилалии тандурустӣ нақши муассир хоҳад гузошт. Ҳамчунин таъкид карда шудааст, ки ба ин ҷоиза шахсоне мушарраф мегарданд, ки дар рушди тандурустии байналмилалӣ ва илми тибби ҷаҳонӣ саҳми назаррас гузоштаанд.
Ин маънои онро дорад, ки ҷоиза аз оғоз хусусияти фаромиллӣ дорад ва ба арзишҳое такя мекунад, ки худи Абуалӣ ибни Сино дар осораш тарғиб мекард: хизмат ба инсон, ҷустуҷӯи дониш ва истифодаи илм ба нафъи ҷомеа.
Дар ниҳоят, метавон гуфт, ки таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб дар баробари як рӯйдоди фарҳангӣ ё илмӣ маҳсуб ёфтан, он рамзи сиёсати давлатест, ки рушди худро бар пояи илм, маърифат ва эҳёи хотираи таърихӣ бунёд мекунад. Он, аз як тараф, гиромидошти шахсияти нобиғаест, ки ҳазор сол пеш бо қудрати ақл ҷаҳонро тасхир кард ва аз ҷониби дигар, даъватест ба насли имрӯз, ки роҳи дониш, таҳқиқ ва навовариро идома диҳад.
Абуалӣ ибни Сино ҳазор сол пеш бо осори худ собит сохт, ки фарзанди ин сарзамин метавонад ба муаллими башарият табдил ёбад. Ҷоизаи байналмилалии ба номи ӯ бошад, имрӯз бори дигар ин ҳақиқатро ба ёд меорад, ки миллати тоҷик на танҳо соҳиби гузаштаи пурифтихор, балки дорои имкониятҳои бузурги илмӣ барои оянда низ мебошад.
Ба ибораи дигар, агар Абуалӣ ибни Сино ҳазор сол пеш бо чароғи хирад роҳи инсониятро равшан карда бошад, имрӯз Пешвои миллат бо таъсиси Ҷоизаи байналмилалӣ ба номи ӯ метавонанд чароғи дигареро фурӯзон созанд – чароғи таҳқиқоти нав, кашфиёти тоза ва орзуҳои бузурги насли ҷавоне, ки мехоҳад роҳи донишро идома диҳад. Ва маҳз дар ҳамин аст аҳамияти воқеии ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – табдил додани номи Абуалӣ ибни Сино ба рамзи ҷовидонаи илму маърифат, худшиносии миллӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар роҳи хидмат ба инсоният.




