29 майи соли 2026 муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Австралия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Москва) Ҷон Гиринг мулоқот анҷом дод, иттилоъ додааст ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии ду кишварро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва дигар хатару таҳдидҳои муосир мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо омодагии худро барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкориҳо таъкид намуданд.
➡️Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон






