Иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Shared to Facebook Shared to Max

22 май дар шаҳри Ашхободи Туркманистон ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид, ки дар он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд, хабар додааст АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёт, саноати кӯҳӣ ва металлургия, энергетика, кишоварзӣ, тағйирёбии иқлим, амният ва бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба бехатарии экологӣ, аз ҷумла барқарорсозии минтақаҳои аз истихроҷи уран зарардида, зоҳир гардид.

Қоҳир Расулзода рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодиро бо кишварҳои ИДМ самти муҳими сиёсати иқтисодии Тоҷикистон номид ва аҳаммияти рушди инфрасохтори нақлиётиро таъкид намуд.

Дар фарҷом санадҳои ниҳоии ҷаласа қабул гардиданд, ки ба таҳкими ҳамкорӣ ва рушди минбаъдаи соҳаҳо мусоидат менамоянд.