22 майи соли 2026 дар Душан⁵бе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо сафирони давлатҳои иштирокдори Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баргузор гардид, иттилоъ додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА, инчунин масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, таҳкими ҳифзи сарҳад, муқовимат ба таҳдидҳои муосир ва густариши ҳамкорӣ дар ченакҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва инсонии САҲА зоҳир гардид.
Ҷонибҳо аҳамияти идомаи муколамаи созанда ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро барои таъмини субот ва рушди устувор таъкид карданд.
Сафирон омодагии худро барои таҳкими ҳамкорӣ бо Тоҷикистон изҳор намуданд. Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.
➡️Вазорати корҳои хории Ҷумҳурии Тоҷикистон





