19 майи соли 2026 дар шаҳри Остона бо иштироки Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони “Ордаи тиллоӣ ҳамчун модели тамаддуни даштӣ: таърих, бостоншиносӣ, фарҳанг ва ҳувият” баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ беш аз 350 нафар вакилон, аз ҷумла намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, таърихшиносон, бостоншиносон, пажӯҳишгарон ва олимони пешсафи хориҷӣ ва қазоқистонӣ, ки дар таърихи “Дашти бузург” (“Великая степь”) ва “Ордаи тиллоӣ” (“Золотая Орда”) кор кардаанд, ширкат варзиданд.
Хабарнигори “ИмрӯзNews” ҳам, ки дар ин ҳамоиши байналмилалӣ иштирок дошт, мегӯяд, дар ҷараёни симпозиум таваҷҷуҳи асосӣ ба мероси таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии “Ордаи тиллоӣ” ва нақши он дар ташаккули тамаддуни авруосиёӣ равона карда шуд.
Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар суханронии худ аҳамияти равиши объективӣ ва аз сиёсат дурро нисбат ба илми таърих, инчунин арзиши тамаддунии “Ордаи тиллоӣ”-ро таъкид кардааст. Ӯ ҳамчунин зарурати таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмиро дар соҳаи омӯзиши мероси умумии “Дашти бузург” қайд намудааст.
Президенти Қазоқистон ҳамчунин талошҳои пайвастаи кишварашро дар самти ҳифз, навсозӣ ва оммавигардонии мероси таърихӣ ва зеҳнии “Ордаи тиллоӣ” тавассути таҳқиқоти илмӣ, маориф, ибтикороти рақамӣ ва ҳамкориҳои фарҳангии байналмилалӣ таъкид кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, “Ордаи тиллоӣ” яке аз бузургтарин воҳидҳои сиёсии замони худ буд, ки қаламравҳои васеи Авруосиёро фаро гирифта, Шарқ ва Ғарбро бо ҳам пайваст. Он дар ташаккули тамаддунҳо, шаклгирии сохтори давлатӣ ва рушди таърихии “Дашти бузург” саҳми назаррас гузошт.
“Таърихи “Ордаи тиллоӣ” имрӯз ҳам ҷузъи муҳими таърихи миллии Қазоқистон ва ҳам таърихи умумии башарият боқӣ мемонад. Таърихи “Ордаи тиллоӣ” бояд ҳамчун як қисми мероси умумии ҳамаи халқҳо дарк шавад, на ҳамчун моликияти истисноии як миллат”, — изҳор дошт Тоқаев.
Тавре гуфта шуд, давраи “Ордаи тиллоӣ” на танҳо мероси қудрати низомиро, балки осори амиқро дар рушди ниҳодҳо, идоракунии давлатӣ, дипломатия ва ташаккули тамаддунӣ боқӣ гузошт.
Ба гуфтаи муаррихон, таърихи “Дашти бузург” аксар вақт ҳамчун силсилаи низоъҳои ҳарбӣ муаррифӣ мешавад, ки ин имкон намедиҳад дастовардҳои бисёрҷанбаи сиёсӣ, фарҳангӣ ва зеҳнии он ба таври комил арзёбӣ шаванд. Бинобар ин, таҳқиқоти муосири байнисоҳавӣ уфуқҳои навро барои фаҳмиши амиқтар ва объективии мероси “Ордаи тиллоӣ” боз мекунанд.
“Омӯзиши таърихи умумӣ бояд ба пайванди миёни халқҳо ва давлатҳо табдил ёбад, махсусан дар даврае, ки ҷаҳон бо номуайянӣ ва пора-порашавӣ рӯбарӯ аст”, — таъкид кард Президенти Қазоқистон.
Тавре гуфта шуд, арзёбии таърихӣ бояд объективӣ, мутавозин ва аз лиҳози сиёсӣ бетараф бошад. Таърихи “Ордаи тиллоӣ” набояд ба тафсирҳои танг ё якҷониба, ки воқеияти таърихиро таҳриф мекунанд, сода карда шавад.
Ба гуфтаи Тоқаев, Қазоқистон стереотипҳои кӯҳнаро, ки мувофиқи онҳо тамаддунҳои кӯчӣ ва империяҳои даштӣ соҳиби давлатдорӣ ё аҳамияти таърихӣ набуданд, бознигарӣ мекунад.
“Талошҳо барои монополия кардани тафсири таърихӣ ё табдил додани мероси умумӣ ба як падидаи истисноии миллӣ, фаъолияти илмӣ ва эътимоди байналмилалиро зери хатар мегузоранд. Олимон ва таърихшиносон метавонанд ҳамчун пулҳои миёни ҷомеаҳо ва фарҳангҳо хидмат карда, ба муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ дар давраҳои танишҳои геополитикӣ мусоидат намоянд”, — афзуд ӯ.
Ба гуфтаи муаррихон, қудрати “Ордаи тиллоӣ” на танҳо бо қаламравҳои васеъ маҳдуд буд, балки ба идоракунии муассир ва устувории ниҳодӣ такя мекард. Империя низомҳои пешрафтаи ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва дипломатиро таҳия намуд, ки ба субот дар қаламрави васеъ ва гуногунҷабҳа мусоидат мекарданд.
Хусусиятҳои муҳими давлат меритократия, интизом, адолат ва ҳамзистии осоиштаи ҷамоатҳои гуногуни этникӣ ва динӣ буданд.
“Ордаи тиллоӣ” бо абарқудратҳои Авруосиё равобити фаъоли дипломатӣ дошт, ки ба рушди давлатҳои баъдинаи авруосиёӣ таъсири назаррас расонд.
Дар “Дашти бузург” модели беназири тамаддун, ки ба тарзи ҳаёти кӯчӣ, тиҷорат ва ҳамкории зичи байни халқҳои кӯчӣ ва муқимӣ асос ёфтааст, ташаккул ёфт.
“Ордаи тиллоӣ” муҳимтарин масирҳои тиҷоратии Авруосиёро зери назорат дошт ва даштро ба як долони бехатари транзитӣ табдил дод, ки Шарқ ва Ғарбро ба ҳам мепайваст, гуфта шуд дар ҳамоиш.
“Империя низомҳои пешрафтаи пулию тиҷоратӣ, аз ҷумла истеҳсоли миқёси калони тангаҳо ва марказҳои тиҷоратии шукуфонро таъсис дод. Пайванди зич миёни анъанаҳои даштӣ ва тамаддуни шаҳрӣ омили асосии шукуфоӣ ва мутобиқпазирии “Ордаи тиллоӣ” буд”.
Ба гуфтаи мубтакирон, симпозиум бо мақсади таҳкими робитаҳо бо ҷомеаи байналмилалии академӣ барои омӯзиши мунтазам ва ҳамаҷонибаи “Ордаи тиллоӣ” ташкил карда шуд.
Баргузории чорабинӣ таҳти сарпарастии ЮНЕСКО аз аҳамияти ҷаҳонии мероси таърихии “Ордаи тиллоӣ” шаҳодат медиҳад.
Таваҷҷуҳи хоса ба дастхати “Насабномаи хонҳо” равона карда шуд, ки сабтҳои таърихии марбут ба давраи “Ордаи тиллоӣ”-ро дар бар мегирад ва сазовори эътирофи байналмилалӣ гаштааст.
Симпозиум олимонро аз кишварҳои гуногун ҷамъ овард, ки ин аз таваҷҷуҳи афзояндаи байналмилалӣ ба таърихи “Дашти бузург” ва “Ордаи тиллоӣ” гувоҳӣ медиҳад.
Анъанаҳои давлатдории даштӣ ҳамчун ба принсипҳои ошкорбаёнӣ, адолат ва муколамаи байнифарҳангӣ асосёфта муаррифӣ шуданд.
“Қазоқистон бори дигар дастгирии худро ба таҳкими ҳамкорӣ байни кишварҳои туркӣ ва густариши ҳамгироии авруосиёӣ изҳор медорад. Таърих бояд ҳамчун пул, ки халқҳоро мепайвандад, хидмат кунад, на ҳамчун воситаи тақсимшавӣ ё муқовимати геополитикӣ”.
Мероси “Ордаи тиллоӣ” ҳамчун намунае тавсиф шуд, ки чӣ гуна фарҳангҳо ва ҷомеаҳои гуногун метавонанд дар доираи фазои ягонаи сиёсӣ ва тамаддунӣ ҳамзистӣ кунанд.
Омӯзиши “Ордаи тиллоӣ” бояд аз доираи тасаввуроти анъанавӣ дар бораи он ҳамчун давлати низомӣ берун равад ва ба мероси васеътари фарҳангии он тамаркуз кунад.
Имрӯз анъанаҳои зеҳнӣ, ниҳодҳо, дипломатия ва низомҳои иқтисодии Ордаи тиллоӣ дар фаҳмиши пайдоиши давлатдорӣ ва худшиносӣ дар Авруосиёи Марказӣ нақши муҳим мебозанд.
Мутафаккироне чун Абу Насри Форобӣ ва Хоҷа Аҳмади Ясавӣ асосҳои муҳими фалсафӣ ва маънавии ҷаҳони турку мусулмонро гузоштанд.
Давраи “Ордаи тиллоӣ” ба “асри тиллоӣ”-и адабиёт, мусиқӣ ва шеъри эпикии туркӣ мусоидат кард, ки то имрӯз ба фарҳанги минтақа таъсир мерасонанд.
“Қазоқистон аҳамияти пайвастани мероси таърихӣ бо инноватсия, маориф, илм ва технологияҳои пешрафтаро таъкид мекунад. Кишвар дар доираи барномаи васеи навсозӣ ба зеҳни сунъӣ, инфрасохтори рақамӣ, долонҳои нақлиётӣ ва марказҳои нигаҳдории маълумот фаъолона сармоягузорӣ мекунад”.
Тавре гуфта шуд, Қазоқистон макони баргузории олимпиадаи байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ таҳти сарпарастии ЮНЕСКО хоҳад шуд, ки дар он намояндагон аз 100 кишвар ширкат мекунанд.
Дар ҳамоиш мафҳуми “кӯчманчиёни рақамӣ” ҳамчун инъикоси муосири ҳаракатнокӣ ва динамизми тамаддуни даштӣ зикр гардид.
Зимнан, дар Қазоқистон Институти омӯзиши “Ордаи тиллоӣ” таъсис дода шудааст, нахустин муассисаи илмии махсусгардонидашуда буда, ба пажӯҳиши “Ордаи тиллоӣ” машғул аст.
Дар баробари ин, пешниҳод гардид, ки Маркази байналмилалии оммавигардонии тамаддуни даштӣ таъсис дода шавад.
Даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ густариш ёфта, лоиҳаҳои бузурги нашриётӣ бо иштироки коршиносони хориҷӣ оид ба “Ордаи тиллоӣ” амалӣ гарданд.
Ҳамакнун интизор меравад, ки симпозиум ба майдони мунтазами байналмилалӣ барои муколамаи илмӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи пажӯҳишҳо табдил ёбад.
Қазоқистон худро ҳамчун вориси мустақими анъанаҳои давлатдории “Ордаи тиллоӣ” ва “Дашти бузург” мешуморад. Вобаста ба ин ҳифзи идомаи таърихӣ ва мероси фарҳангӣ ҳамчун шарти муҳимтарин барои эҳёи миллӣ ва рушди оянда номида шуд.
Мафҳуми “Мангилик Ел” (“Миллати ҷовид”) ба ғояи бунёдии таърихӣ ва давлатӣ табдил ёфт, ки решаҳои худро аз давраи “Ордаи тиллоӣ” мегирад.
Таъкид гардид, ки Қазоқистон мероси “Ордаи тиллоӣ”-ро бо истифода аз таҳқиқоти гуногуни илмӣ, лоиҳаҳои фарҳангӣ, нашрияҳо, филмҳо, намоишгоҳҳо ва ёдгориҳо рушд ва оммавӣ мекунад.




