“Ҳашиш” дар Норак, бангдона дар Панҷакент

Shared to Facebook

Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ як ҳолати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва як ҳолати кишту нигоҳубини зироатҳои дорои моддаҳои нашъадорро ошкор кардаанд.

Маркази матбуоти ВКД хабар дод, ки дар натиҷаи гузаронидани коркардҳои оперативӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Норак се нафар шаҳрвандон бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва хариду фуруши маводи нашъадори навъи “ҳашиш” дастгир карда шуданд. Инҳо:

Одинаев Шермаҳмад — соли тавллудаш 1992, сокини ноҳияи Дарвоз;

Сабуров Манучеҳр — соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Кӯлоб;

Қобилҷони Мирзомуддин — соли таваллудаш 1991, зодаи шаҳри Кӯлоб, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошанд.

Ба маълумоти манбаъ, нисбат ба гумонбаршудагон дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД шаҳри Норак бо моддаи 200–и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Дар шаҳри Панҷакент бошад, кормандони милитсия дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2020” кишту нигоҳубини бангдонаро ошкор кардаанд:

“Ҳангоми санҷиши ахбороти фаврӣ ва азназаргузаронии ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Тошев Набӣ Мусоевич, соли таваллудаш 1961, истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент, кӯчаи Робеаи Балхӣ №98, дақиқ шуд, ки номбурда ба миқдори 14 бех растании намуди бангдонаро кишт ва бо нигоҳубини махсуси агротехникӣ давоми соли ҷорӣ парвариш намудааст. Гиёҳҳои дар таркибаш моддаҳои нашъадордоштаи кишташон манъшуда дар ҳолати хуби нашъунамо буда аз 1 метр то 1,70 см қад кашидаанд”, — хабар дод сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд Акбар Шарифӣ.

Кормандони милитсия дар вақти азназаргузаронии ҳавлии истиқоматии гумонбаршаванда Н. Тошев бангдонаҳои аз назарҳо пинҳон кардаи кишоварзро дарёфту решакан кардаанд.

Нисбат ба гумонбаршуда бо моддаи 204 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.