Дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе маросими ҷаноза ва ба хок супурдани қисмате аз хоки гӯри шахсиятҳои таърихиву ҷонфидои миллат Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад баргузор гардид, иттилоъ додааст АМИТ «Ховар».
Хоки онҳо бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Москваи Федератсияи Русия ба Ватан оварда шуд.
Маросими ҷаноза бо риояи суннатҳои дини мубини ислом ва эҳтироми хос анҷом дода шуд.

























