Мақомоти сохторҳои гуногун дар Тоҷикистон аз таъсир ва паёмадҳои пандемияи коронавирус ба иқтисоди ҷумҳурӣ маълумот медиҳанд. Ба гуфтаи масъулон, вазъи бавуҷудомада ба соҳаҳои сохтмони роҳ, энергетика, иқтисод, бахшҳои иҷтимоӣ ва аграрӣ ва ғайра таъсир ҷиддӣ расонид.
Аз ҷумла, ба гуфтаи раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Қарахон Чиллазода, ба сабаби пандемияи COVID-19 сармоягузорони байналмилалӣ ҳаҷми пешниҳоди қарзу грантҳоро барои маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон кам хоҳанд кард.
Ба гуфтаи ӯ, бинобар пайдошавии пандемия барои маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои сармоягузории ҷумҳурӣ дар соҳаҳои сохтмони роҳ, энергетика, иқтисод, бахшҳои иҷтимоӣ ва аграрӣ Тоҷикистон 309 млн қарз ва 54 млн сомонӣ грант гирифта натавонист.
Инчунин, баста шудани сарҳадҳо байни кишварҳо, саривақт ба нуқтаи таъинот нарасидани бору маҳсулот, ҷумҳуриро тарк кардани мутахассисони хориҷӣ мушкилоти иловагиро дар масъалаи амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба вуҷуд овардаанд.
Аз ин қабл вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода низ дар нишасти матбуотӣ гуфт, марҳилаи аввали корҳои таъмиру навсозиро дар роҳи мошингарди Душанбе — Бохтар дар муҳлати пешбинишуда анҷом додан имкон надорад. Бахши аввали ин роҳ, ки Душанберо ба маркази вилояти Хатлон пайваст мекунад, бояд моҳи октябри имсол баъд аз таъмир ба истифода дода мешуд. Аммо Вазири нақлиёт мегӯянд, кормандони ширкатҳои чинӣ, ки пудратчии асосӣ буданд ба кишварашон рафта, наметавонанд ба Тоҷикистон баргарданд:
“92 нафар коргарони чинӣ, ки дар лоиҳаи мо кор мекунанд дар соли нав ба ватанашон рафтанд ва натавонистанд баргарданд. Мо чандин маротиба мактуб кардем, онҳо бояд баргарданд. Баъзеи дигар дар худи шаҳри Душанбе худро карантин (самоизалятсия) кардагӣ ҳастанд. Дар бисёри лоиҳаҳои мо ширкатҳои чинӣ иштирок мекунанд. Барои ҳамин ширкатҳои маҳаллиро ҷалб кардем кор рафта истодааст. Ба қарибӣ бояд аз Чин ба Тоҷикистон рейсҳои чартерӣ шаванд”,-гуфт вазир.
Ҳамчунин, ба гуфтаи Худоёрзода, бо шуруи пандемия ҳаҷми боркашонӣ кам шуд. Ба маълумоти расмӣ, танҳо дар шаш моҳи имсол аз ҳисоби боркашонии байналмилалӣ соҳаи нақлиёт 132,2 миллион сомонӣ зарар дидааст. Даромад аз боркашонӣ тариқи қаторҳо низ ба гуфтаи Вазорати нақлиёт аз 12 миллион то 5 миллион сомонӣ кам шуд.
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, бисёр аз бахшҳоии дигар таъсири манфии пандемияи коронавирусро эҳсос кардаанд. Бино ба гузоришҳо, қаблан муовини аввали сарвазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид дар як нома ба президенти Бонки Осиёи Рушд навишт, пандемияи коронавирус иқтисоди Тоҷикистонро дар ҳолати “форс мажор” ё “монеаи муқовиматнопазир” қарор гирифта, ҷумҳурӣ ба кӯмак ниёз дорад.
Зимнан, муҳимтарин таъсири пандемияи короновирус ба иқтисоди Тоҷикистон коҳиши маблағи муҳоҷирон дониста мешавад.
Қаблан Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар машварати сатҳи баланди виртуалӣ таҳти унвони “Маблағгузорӣ барои рушд дар даврони Covid-19 ва марҳалаҳои минбаъда” ширкат ва суханронӣ намуда, гуфт, хуруҷи коронавирус сабабгори муваққатан баста шудани марзҳо бо ҳамсоякишварҳо ва халалдор гардидани занҷираҳои тиҷоратӣ ва алоқаи нақлиётӣ гардида, раванди татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузориро дар кишвар суст гардонид.
Қоҳир Расулзода пайомадҳои манфии шуюи бемории ҳамагир ба иқтисодиёти кишвар ва зарурати бознигарии қарзҳои берунаи кишварҳои рӯ ба тараққиро таъкид карда, ба муассисаҳои СММ ва шарикони рушд барои расонидани кӯмак арзи сипос намуда буд.