Мутахассисони озмоишгоҳҳои Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали имсол 33,8 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 5,7 ҳазор литр маҳсулоти ширӣ, 11,3 ҳазор дона тухми ғизоӣ, 53 тонна меваю сабзавот, 434,2 кг моҳӣ, 2,7 тонна маҳсулоти намакин, 656 литр равғани растанӣ, 6 тонна маҳсулоти полезӣ ва 346 кг асалро ҳамчун маҳсулоти пастсифати барои саломатӣ хавфнок муайян ва аз фӯруш боздошт намудаанд.
Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода дар нишасти матбуотӣ бо пешниҳоди ин маълумот гуфт, дар ин давра барои вайрон кардани қоидаҳои байторӣ ва фитосанитарӣ ҳангоми воридоти бор нисбат ба 69 нафар соҳибкор протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Аз ҷумла, мисол оварда шуд, ки кормандони Кумита 670 кило гӯшти мурғи ширкати “Шивер Тоҷикистон”-ро бе ҳуҷҷатҳои дахлдор дар сарҳад мусодира карданд. Ба гуфтаи Файзуллозода, ин миқдор гӯшти мусодирашуда ба ихтиёри Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе супурда шуд.
Дар ин давра аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ наздики 10,5 ҳазор тонна маҳсулоти гӯштӣ ворид шуда, ҳамаи он дар нуқтаҳои сарҳадии Кумита аз санҷиш гузаштаанд.
Ба гуфтаи Файзуллозода, имрӯз барои ба Тоҷикистон ворид кардани маҳсулоти хатарнок барои солимӣ ҳеҷ гуна имконият нест, аммо хавфи воридоти маҳсулоти пастсифат аз ҷониби қоҷооқбарон вуҷуд дорад, ки аз нуқтаҳои ғайрирасмии убури сарҳад истифода мекунанд.
“Тибқи маълумоти мо, танҳо дар ноҳияҳои Бобоҷон Fафуров ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд 127 нуқтаҳои ғайриқонунӣ мавҷуданд, ки ба воситаи онҳо маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ тариқи қочоқ оварда мешавад”, — маълумот дод роҳбари Кумита.
Ба ақидаи ӯ, дар минтақаи сарҳад бо Қирғизистон хонаҳои сокинони ду кишвар аз ҳамдигар хеле наздик ҷойгир шуда, назорати пурраи интиқоли молу маҳсулот аз як ҷой ба ҷойи дигар хеле душвор аст ва аз ин рӯ, баъзан дар нуқтаҳои фурӯш маҳсулоти пастсифат пайдо шуда метавонанд.