Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода эълон кард, ки Иди саиди Қурбон дар Тоҷикистон 31 июл таҷлил карда мешавад.
Вай дар нишаcти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22 июл гуфт, ин сана мувофиқи далелҳои илмӣ муайян карда шудааст:
“Азбаски мо дар ҳолати пандемияи коронавирус қарор дорем, ба хотири бартараф шудани ин хатар айни замон масҷидҳо баста мебошанд. Ин гуна ҳолатҳо дар шариати исломӣ низ пешбинӣ карда шудаанд ва намозгузорон метавонанд дар хонаи худ дар вақти намози ид ба зикру тоат машғул шаванд”, — шарҳ дод Абдулқодирзода.
Раиси Шӯрои уламо аз қавли бархе фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ далел овард, ки дар ин гуна ҳолатҳо шарт гузошта шудааст, дар сурате намози ид хонда нашавад, қурбонӣ баъди нисфирӯзӣ анҷом дода мешавад. Ӯ гуфт, намози Иди Қурбон дастаҷамъона доир намешавад ва шаҳрвандон метавонанд дар вақти намоз ба зикру тасбеҳ дар хонаҳояшон машғул шаванд:
“Яъне дар ин рӯз бояд намози ид хонда мешуд, аммо намози ид, ки хонда намешавад, қурбонӣ бо таъхир анҷом дода мешавад”, — афзуд ӯ.
Вай таъкид намуд, ки бо қарори ситоди ҷумҳуриявӣ ҷамъомади зиёди мардум манъ карда шудаанд ва дар доираи ин намози дастаҷамъона низ намешавад ва Маркази исломиву тамоми масоҷид низ ин хатарро ба назар гирифта, ходимони дин аз ин худдорӣ карда истодаанд.
Мувофиқи талаботи беҳдоштии муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои аз таъсири ин беморӣ эмин мондан ҷамъшавии одамон ба мақсад мувофиқ дониста намешавад.
Саидмукаррам Абдулқодирзода доир ба рукнҳои қурбонӣ гуфт:
“Шахсе, ки саховатманд аст, дар ин рӯз метавонад қурбонӣ кунад. Баъд аз баромадани офтоб қурбонӣ мумкин аст, аммо агар он баъди нисфирӯзӣ анҷом дода шавад, савобаш бештар мебошад. Гӯшти қурбониро шахс метавонад дар ҳудуди оилаи худ ба се қисм тақсим намояд- якеро барои аҳли оила гузошта, дигарро ба ҳамсояҳои камбизоаташ хомталош намояд ва бо қисми боқимонда аҳли оиларо зиёфат диҳад”.
Дар ҳамин ҳол, Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Сулаймон Давлатзода гуфт, бо дарназардошти вазъи пандемия ва баста шудани марзҳо сафари имсолаи зоирон бекор карда шуд. Аз ин рӯ, баъди бартараф шудани мушкилоти баамаломада дар мавсими навбатӣ, пеш аз ҳама, онҳое сафар хоҳанд кард, ки тибқи навбат аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ пешниҳод гардидаанд.