Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ муҳоҷирон ба Тоҷикистон 999 млн доллар пул интиқол доданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 174 млн доллар камтар аст. Дар маҷмӯъ, дар нимсолаи аввал нисбат ба 6 моҳи соли 2019 ҳаҷми интиқоли маблағ аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ба андозаи 14,8{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} ё худ ба маблағи 195 млн доллар кам шудааст.
Дар ин бора дар нишасти матбуотии рӯзи 22 июл раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода маълумот дод.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, моҳи июн вазъияти вобаста ба интиқоли пул беҳтар шуда, дар ин моҳ ба андозаи 0,7{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} зиёдтар маблағ ирсол шудааст.
Қаблан Бонки марказии Русия маълумот дода буд, ки ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар семоҳаи авввали соли 2020 ба андозаи 22,3 кам шудааст.
Маблағи умумии интиқоли пули шахсони воқеӣ ба Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-марти соли равон 359 млн долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (462 млн доллар) ба миқдори 22,3{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} камтар аст.
Моҳи апрел Бонки ҷаҳонӣ гуфт, соли 2020 ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон дар саросари дунё босуръат коҳиш ёфта, қариб 20{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82}-ро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Ҷамшед Нурмаҳмадзода, кам шудани интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ ба мубодилаи асъор таъсир расондааст ва Тоҷикистон имрӯз ин мушкилотро паси сар кардааст.
“Мо маблағҳои муайян дорем, ки метавонем аз онҳо истифода кунем. Мо ин маблағҳоро дар ин замон метавонем барои беҳтар намудани вазъи иқтисодии кишвар равона созем. Ба ҳамин хотир, мо ин мушкилотро паси сар кардем”, — гуфт раиси Бонки миллӣ.
Ҳамзамон гуфта шуд, низоми бонкии ҷумҳурӣ дар замони паҳншавии COVID-19 дар моҳҳои апрел-июн ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ гардид. Аз ҷумла, ба гуфтаи Нурмаҳмадзода, дар ин давра ба сабаби паҳншавии вируси корона дар кишвар 107 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ фаъолияти худро қатъ карданд, 1212 нафар бо сабаби корношоямӣ ва 2770 нафар кормандони ташкилотҳои қарзӣ ба рухсатии бемузд равона карда шудаанд.
Новобаста аз ин, дар ин давра дар Тоҷикистон 29 маркази хизматрасонии бонкии нав таъсис дода шудааст.
Дар айни замон бар асари пандемия даромади ташкилотҳои қарзии низоми бонкӣ ба андозаи 25,6{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} кам шудааст:
“Ҳарчанд бар асари паҳншавии пандемияи коронавирус даромади ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 25,6{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} ё худ 52,1 млн сомонӣ кам шуда бошад ҳам, дар умум онҳо нимсоларо бо фоидаи 151 млн сомонӣ ҷамъбаст карданд”, — гуфт раиси Бонки миллӣ.
Ба гуфтаи ӯ, ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон пардохтҳо ба буҷетро ба сурати умум ба маблағи қариб 200 млн сомонӣ иҷро кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,5{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} ё худ 16 млн сомонӣ зиёдтар аст.
Ба санаи 30 июн бонкҳои кишвар ба зиёда за 100 ҳазор адад муштариёни худ ба маблағи 1,5 миллиард сомонӣ имтиёзҳо пешниҳод намуданд:
“Аз ҷумла, мӯҳлати пардохти қарзҳои зиёда аз 28 ҳазору 600 муштариён ба маблағи 800 миллион сомонӣ тамдид карда шуд. Зиёда аз 43 миллион сомони ҷаримаҳои ҳисобшуда ба муштариён бахшида шуданд. Инчунин бонкҳои кишвар чанд амали дигар, ба монанди бахшидани фоизҳо, бо пули милли пардохт кардани қарзҳои бо асъори хориҷӣ гирифташударо низ анҷом доданд”, — маълумот дод раиси Бонки миллии Тоҷикистон.
Иттилоъ дода шуд, ки суръати афзоиши қарзҳои додашуда дар шаш моҳи соли равон коҳиш ёфта, нисбат ба семоҳаи аввали соли ҷорӣ 43,5 дарсад ё ин ки 1 миллиарду 101 миллион сомонӣ кам гардидаст.
Ба иттилои раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ҳаҷми қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 3 миллиарду 959 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 9 дарсад ё ин ки 392 миллион сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Ҳамзамон раиси Бонки милии Тоҷикистон беқурбшавии сомониро ба таъсири равандҳои иқтисодию молиявии ҷаҳону минтақа марбут донист. Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи якуми соли равон қурби сомонӣ нисбат ба доллар тағйирёбии муътадил дошта, қурби расмии он 6,4 дарсад коҳиш ёфтааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,3 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Ба иттилои манбаъ қурби нақдӣ (қурби фурӯши доллари нақди дар бозори ғайрибонкӣ) дар ҳамин давра 8,7 дарсад баланд шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 банди фоизӣ зиёд будааст.