11 май дар шаҳри Пекин мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Чин Лю Бин баргузор гардид, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои равобити дуҷониба ва мавзуъҳои муҳими минтақавӣ баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар бобати таҳкиму густариши минбаъдаи шарикии стратегӣ ва инчунин ҳамкории судманд дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.




