Маркази матбуоти Қӯшунҳои Сарҳадии КДАМ Тоҷикистон аз қатли як сокини ҷамоати Чоркӯҳ аз сӯи қирғизҳо хабар дод. Ҳамчунин, дар натиҷаи тирпаррониҳо як афсари неруҳои марзбонии ҷумҳурии ҳамсоя захмӣ шудааст:
“Тахминан соати 04-и субҳи санаи 06-уми августи соли 2020 дар минтақаи ҳамҷавори маҳаллаи Лангари Моҳиёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ш.Исфара лейтенанти калон Шер Кабиров, сардори дидбонгоҳи “Кӯктош”-и ҚС ҶҚ аз ҷониби шахси номаълум, ки аз силоҳи шикории тамғаи “ТОЗ-8” истифода намудааст, захм бардоштааст”, — хабар дод манбаъ.
Бино ба иттилои мақомот, дар айни замон дар ҳодисаи ҳамсон дуртар аз 1 км аз хати сарҳад шаҳрванди Тоҷикистон Ваҳҳобов Воҳид Абдулҳаевич, соли таваллудаш 1955, сокини маҳаллаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ, боғбони бригадаи №4-уми ҳамин ҷамоат, аз ҷониби қирғизҳо захмӣ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Тибқи ин хабар, мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои мушаххас намудани ҷузъиёти қазияи бамиёномада дар байни аҳолӣ корҳои тафтишотӣ ва фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.