Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА иштирок намуд

Shared to Facebook Shared to Max

Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА), ки дар Ванкувери Канада баргузор шуд, иштирок намуд,иттилоъ додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар конгресс ноибони президент Алишер Урунов ва Искандар Ҷалилов, инчунин котиби генералӣ Фурқат Ахмедҷонов намояндагӣ карданд.

Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино дар ҳамоиш сухан карда, якчанд лоиҳа, аз ҷумла барномаи «FIFA Forward»-ро, ки футболро дар саросари ҷаҳон босуръат рушд медиҳад, мисол овард.

Ба иттилои Инфантино, шумораи лоиҳаҳое, ки бо ҳамкории 211 ассотсиатсияи аъзои ФИФА амалӣ мешаванд, дар муқоиса бо давраҳои қаблӣ ҳашт маротиба афзоиш ёфтааст. Ӯ инчунин афзуд, ки сармоягузорӣ дар доираи барномаи «FIFA Forward» дар давраи оянда ба сатҳи рекордӣ хоҳад расид.

Дар конгресс Ҷанни Инфантино аз 211 иттиҳодияи аъзо ФИФА барои дастгирӣ ва натиҷаҳое, ки давоми 10 соли охир ба даст омадаанд, изҳори сипос кард ва нақшаи худро барои пешниҳоди номзадӣ ба мақоми президентӣ дар соли 2027 эълон намуд.

Конгресси 77-уми ФИФА 18 марти соли 2027 дар пойтахти Марокаш– шаҳри Работ баргузор мешавад.

Акс:Федератсияи футболи Тоҷикистон