“Худатон дар ҷомеа намунаи ибрат бошед ва барои таъмини волоияти қонуну тартибот кӯшиш ба харҷ диҳед”, — гуфтааст Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳое, ки ахиран ба вазифаҳои муҳиму масъулиятнок таъйин гардидаанд.
Бино ба маълумоти Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, рӯзи гузашта Президент дар мақомоти судӣ, прокуратура, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.
Аз ҷумла, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони судҳои ВМКБ, шаҳри Норак ва ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, муовинони раисони судҳои вилояти Хатлон, шаҳрҳои Бохтар ва Ваҳдат аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаи мақомоти судӣ таъйин гардидаанд.
Ҳамчунин, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон прокуророни ноҳияҳои Кӯшониён, Хуросон ва Шаҳритуси вилояти Хатлон, шаҳри Исфара ва ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, ноҳияи Тоҷикобод ва прокурори гарнизони ҳарбии ноҳияи Рашт таъйин гардидаанд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Ҳокимшо Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк”, Амирзода Ориф Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуриддинзода Сайҷамолиддин директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб», Давлатқадам Бахтовар, Директори муассисаи таълимии давлатии “Мактаб –интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшон”-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Азизӣ Зебуннисо муовини директори муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” таъйин гардидаанд.
Бо Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Даврон сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соҳибзода Муҳаммадҷон муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудаанд.
“Сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати мамлакат ба беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардум, таъмини волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ, мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу унсурҳои барои ҷомеа бегона, риояи баробари иҷрои қонуну барномаҳои давлатӣ дар мамлакат равона гардида, барои татбиқи ин ҳадафҳои созанда аз ҳар яки шумо меҳнати софдилона ва фаъолият дар чаҳорчӯбаи талаботи оинномавӣ талаб карда мешавад”, — таъкид намудааст Президент зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои муҳиму масъулиятнок таъйингардида.
Сарвари давлат аз қонуншиканӣ, даст ба ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ задан ва содир намудани рафторе, ки шаъну шарафи корманди мақомоти прокуратура ва судиро доғдор менамоянд, мисолҳои мушаххас оварда, ба раиси Суди Олӣ ва Прокурори генералӣ дастури қатъӣ додааст, ки бо гузаронидани санҷишҳои тахассусӣ ва омӯзиши фаъолияти ҳар як корманди соҳа сафи мақомоти судӣ ва прокуратураро, ки аз шохаҳои муҳими давлатдорӣ ба ҳисоб мераванд, аз шахсони тасодуфӣ тоза намоянд.
Робитаи наздик бо мардум, таҳлилу баррасии одилона ва касбии ҳар як парвандаи ҷиноятӣ, таъмини баробари иҷрои қонунҳо, боло гузоштани манфиатҳои давлату миллат аз вазифаҳое буданд, ки дар назди роҳбарон ва мутахассисоне, ки ба вазифаҳои масъули хизмати давлатӣ таъйин гардиданд, гузошта шудаанд.
Дар иртибот ба авзои печидаву пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳон Роҳбари давлат таъкид намудаст, ки мубориза ва пешгирӣ аз ҷиноятҳои фаромиллӣ-терроризму экстремизм, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои ақидаҳои ифротгароёна, ҷудоиандоз, халалдоркунандаи суботу амнияти ҷомеа аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як корманди ҳифзи ҳуқуқу тартибот ба ҳисоб рафта, дар ин самт бояд муборизаро ҷоннок намуд.