Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо муовини раиси Девони вазирони Туркманистон оид ба нақлиёт ва коммуникатсия Батир Аннаев мулоқот намуд, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва имконияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои нақлиёт ва боркашониро муҳокима карданд.
Ҳамчунин ҳамкорӣ дар соҳаи коммуникатсия баррасӣ шуд.
Акс: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон




