Дар Сарбонки ҶСК «Ориёнбонк» мулоқоти корӣ бо роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ҷаноби Артур ван Дизен баргузор гардид, хабар додааст Маркази матбуоти Бонк.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ ва иштирок дар чорабиниҳои дарпешистодаи соли 2026-ро баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти масъулияти иҷтимоӣ ва баррасии ташаббусҳои эҳтимолии муштарак равона гардид.
Мавзуи калидӣ дастгирии кӯдакони осебпазир ва ниёзманд, инчунин рушди ташаббусҳои иҷтимоӣ ҷиҳати беҳтар намудани некӯаҳволии онҳо буд.
Намояндагони «Ориёнбонк» зикр намуданд, ки Бонк аз ҷониби худ қишрҳои осебпазири аҳолиро дастгирӣ мекунад ва аҳамияти ҳамоҳангсозии талошҳо миёни ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи соҳибкориро таъкид карданд.
Дар навбати худ, Артур ван Дизен саҳми Бонкро дар рушди ташаббусҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон баланд арзёбӣ намуд.
Мулоқот дар фазои созанда баргузор гардида, ҳавасмандии тарафайнро барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ тасдиқ намуд.




