Муаррифӣ гардидани «Устувонаи Куруши Кабир» дар САҲА

Shared to Facebook Shared to Max

28 апрели соли 2026 дар шаҳри Венаи Австрия дар доираи ҷаласаи Кумитаи ченаки инсонии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар САҲА «Устувонаи Куруши Кабир» муаррифӣ гардид, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар чорабинӣ, аз ҷумла иброз гардид, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии шарикон ЮНЕСКО зимни ҷаласаи 43-юми Конфронси генералӣ «Устувонаи Куруши Кабир»-ро яке аз аввалин эъломияҳои ҳуқуқи башар эътироф намуд.

Вобаста ба ин татбиқи ташаббуси дигари ҷаҳонии Тоҷикистон – «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ-2027» дар татбиқи пурраи ҳуқуқи инсон ва таҳкими волоияти қонун дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Акс: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон