Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Маркази зеҳни сунъӣ ифтитоҳ гардид. Дар маросими ифтитоҳи он Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иштирок намуд, иттилоъ додааст Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Марказ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардида, барои донишҷӯён ва омӯзгорон имконият фароҳам меорад, то донишҳои назариявии худро бо амалия пайваста, дар татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ фаъолона иштирок намоянд.
Таъкид гардид, ки таъсиси марказ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба рушди технологияҳои рақамӣ ва истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногун равона шудааст.
Зикр гардид, ки ифтитоҳи марказ қадами муҳим дар самти тақвияти иқтидори илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ ва ҳамқадам гардидани он бо равандҳои муосири илму техника мебошад.
Инчунин он ба омода намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи технологияҳои рақамӣ мусоидат менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон













