Тоҷикистон ташаббускори қабули қатънома дар иҷлосияи 82-юми ЭСКАТО СММ гардид

Shared to Facebook Shared to Max

24 апрели соли 2026 дар доираи иҷлосияи 82-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) қатъномаи «Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи пайвастагии нақлиётӣ ва логистика барои рушди устувор дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул гардид, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қатънома мазкур таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешбарӣ гардид, ки қадами муҳим дар самти рушди низомҳои устувор, фарогир ва ҳамгирошудаи нақлиётӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад. Санади мазкур чолишҳои муосири соҳаро инъикос намуда, ба барномаҳои калидии байналмилалӣ, аз ҷумла Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 ва инчунин Даҳсолаи нақлиёти устувори СММ (2026–2035) мувофиқат мекунад.

Тоҷикистон, ҳамчун кишвари рӯ ба тараққӣ ва маҳсур дар хушкӣ, ба масъалаҳои рушди пайвастагии транзитӣ аҳаммияти махсус медиҳад.

Дар қатънома зарурати ба назар гирифтани ниёзҳои хоси чунин кишварҳо таъкид гардида, инчунин таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои транзитӣ ва шарикони байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.

Қатъномаи қабулшуда ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ, таҳкими пайвастагии минтақавӣ ва байниминтақавӣ, инчунин баланд бардоштани устувории занҷираҳои логистикӣ мусоидат хоҳад кард. Интизор меравад, ки татбиқи он ба афзоиши савдо, ҷалби сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии кишварҳои минтақа мусоидат намояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати дастгирии фаъолонаи татбиқи муқаррароти қатънома, таҳкими ҳамкории минтақавӣ, табодули таҷрибаи пешрафта ва пешбурди ташаббусҳои муштарак дар соҳаи нақлиёти устувор таъкид менамояд.