Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо коронавирус баргузории ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ ва фарҳангию оммавӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар қаламрави ҷумҳуриро манъ кард.
Ҷаласаи навбатии Ситод рӯзи 2 сентябр таҳти раёсати Сарвазири ҷумҳурӣ, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ситод баргузор гардид.
Ситоди ҷумҳуриявӣ дар ин ҷаласа қарор қабул намудааст, ки дар қаламрави мамлакат вобаста ба пешгирӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ-оммавӣ, конфронсу нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мебошад:
“Сайругашти мардум дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва гулгашту хиёбонҳои истироҳатӣ танҳо бо назардошти риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ва риояи қатъии талаботи фосилаи иҷтимоӣ дар масофаи байниҳамдигарии аз 1,5 то 2 метр иҷозат дода мешавад”, — гуфта шудааст дар ҷаласа.
Бо дарназардошти паҳншавии босуръати мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус дар аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони мамлакат даъват ба амал овардааст, ки қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва фосилаи иҷтимоиро қатъиян риоя намуда, ҳатман аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намоянд.