Эътирофи ҷаҳонӣ: Раиси Раёсати ҶСК «Ориёнбонк» сазовори ҷоизаи Global Banking & Finance Review гардид

Shared to Facebook Shared to Max

Раиси Раёсати ҶСК «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода ба дарёфти ҷоизаи бонуфузи байналмилалӣ дар доираи мукофоти Global Banking & Finance Review Awards сазовор гардид. Ӯ дар номинатсияи «Беҳтарин Раиси бонк дар Тоҷикистон дар соли 2026» ғолиб дониста шуд, хабар додааст маркази матбуоти Бонк.

Ин ҷоиза нишонаи эътирофи сатҳи баланди касбият, дидгоҳи стратегӣ ва идоракунии самаранокест, ки роҳбарияти бонк дар шароити бозори босуръат рушдёбандаи молиявӣ нишон медиҳад. Зери роҳбарии Ҳасан Асадуллозода, ҶСК «Ориёнбонк» пайваста мавқеи худро таҳким бахшида, технологияҳои муосири рақамиро ҷорӣ менамояд ва доираи хизматрасониҳоро барои муштариён васеъ мекунад.

Мукофоти Global Banking & Finance Review Awards яке аз ҷоизаҳои муътабари байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, ҳар сол ба муассисаҳои пешсафи молиявӣ ва роҳбарони онҳо дар саросари ҷаҳон тақдим мегардад. Ғолибон бар асоси арзёбии ҳамаҷониба, аз ҷумла нишондиҳандаҳои самаранокӣ, сатҳи инноватсионӣ, устуворӣ ва сифати идоракунии корпоративӣ муайян карда мешаванд.

Дарёфти ин ҷоиза далели эътирофи байналмилалӣ буда, ба таҳкими нуфузи бонк дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад, эътимоди муштариён, шарикон ва сармоягузоронро бештар мегардонад ва мутобиқати онро ба беҳтарин таҷрибаҳои ҷаҳонӣ таъкид менамояд.

Сазовор гардидан ба унвони «Беҳтарин Раиси бонк дар Тоҷикистон дар соли 2026» дастоварди муҳим ба шумор рафта, саҳми назарраси Ҳасан Асадуллозода дар рушди низоми бонкии кишвар ва талошҳои ӯро ҷиҳати ҷорӣ намудани навовариҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои молиявӣ бозгӯ мекунад.

➡️ҶСК «Ориёнбонк»

Муҳаррири /ИмрӯзNews/, Мавзуна Ниёзова