Суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷӣ бо Дабири кулли ИДМ

Shared to Facebook Shared to Max

9 апрели соли 2026 суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев баргузор шуд, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни рӯзномаи ҳамкории Иттиҳод табодули афкор намуда, ба масъалаҳои омодагӣ ҷиҳати баргузории ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои иштирокдори ИДМ 17 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин Сергей Лебедевро ба муносибати зодрӯз самимона табрик гуфта, ба ӯ сиҳатмандии қавӣ ва дар фаъолияти пурмасъулаш дар мақоми Дабири кулли Иттиҳод комёбиҳо таманно намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон