МОСКВА, 5 апрел. /ТАСС/. Дар толори консертии «Live Arena»-и назди Москва консерти бошукӯҳ ба ифтихори ҷашни Наврӯз бо иштироки ситораҳои бузурги эстрадаи тоҷик баргузор гардид. Дар он 11 ҳазор тамошобин, аз ҷумла аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Чин ва Халиҷи Форс ширкат намуданд, хабар медиҳад хабарнигори ТАСС.
Сарояндагони асосии консерт овозхони маъруфи эстрадаи тоҷик Ҷонибек Муродов, примадоннаи тоҷик Шабнами Сурайё, инчунин сароянда, оҳангсоз ва танзимгари мусиқӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон Парвиз Назаров буданд. Чорабинии мазкур бо дастгирии Сафорати Тоҷикистон дар Русия баргузор гардид.
Дар консерт тақрибан 11 ҳазор тамошобин иштирок намуданд. Аксарият махсус аз Санкт-Петербург, Екатеринбург ва дигар шаҳрҳо ба ин консерт ҳозир шуданд.
«Дар миёни тамошобинон шаҳрвандони Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Чин, Туркманистон, Туркия, Озарбойҷон ва кишварҳои Халиҷи Форс, ки Наврӯзро ҳамчун Соли нав ҷашн мегиранд, ҳузур доштанд. Ба консерт беш аз 11 ҳазор нафар омаданд. Намояндагони ВАО аз Аврупо, Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Халиҷи Форс низ иштирок доранд, инчунин нашрияҳо аз 30 кишвар барои иштирок дархост фиристода буданд», — иброз намуд намояндаи кумитаи тадорукот ба агентии ТАСС.
Тавре ровии чорабинӣ, продюсер ва ташкилкунандаи консерт Аслишо Акимбеков ба ТАСС гуфт, омодасозии барнома панҷ моҳ давом кард. Аксари ҳунармандони гала-консерти имрӯза намояндагони эстрадаи тоҷик мебошанд, аммо ташкилкунандагон кӯшиш доранд, ки кишварҳоро бештар зери парчами ин ҷашн муттаҳид созанд.
«Ҳангоми омодасозии консерт ташкилкунандагон кӯшиш намуданд, то мардумони кишварҳои гуногун тавассути фарҳанг бештар якдигарро бишносанд. Одамон бояд дар бораи он чизҳое суҳбат кунанд, ки моро ба ҳам меорад», — гуфт Акимбеков.
Иди байналмилалии Наврӯз 21 март ҷашн гирифта мешавад. Дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии СММ 23 феврали соли 2010 21-уми март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълом шуд. Таҷлили ин сана ба баробаршавии шабу рӯз дар фасли баҳор вобаста аст (19, 20 ё 21 март рост меояд), ки дар он мардумони эрон ва турк оғози соли навро аз рӯи тақвими офтобӣ ҷашн мегиранд (бар хилофи соли нави мусулмонӣ, ки бар асоси тақвими қамарӣ муайян шуда, ҳар сол ба санаҳои гуногун рост меояд.). Дар забони форсӣ «Наврӯз» маънои «рӯзи нав»-ро дорад. Соли 2009 Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО дохил карда шуд.




