Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамшед Ҳомидзода дар Қасри Елисей ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон эътимоднома супорид, хабар додааст Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни маросим сафир Ҷамшед Ҳомидзода паёми табрикотӣ ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса расонид.
Ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Фаронса изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон




