31 март мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» муқобили мунтахаби Филиппин ба майдон баромад.
Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт. Ҳисобро аввал меҳмонон кушоданд: дар дақиқаи 19-ум Рафаэл Обемайр гол зад. Голи ҷавобиро дар дақиқаи 41-ум Шериддин Бобоев ба самар расонд.
Ёдовар мешавем, ки дар гурӯҳи «А» мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои Филиппин, Тимори Шарқӣ ва Малдив рақобат намуд. Мунтахаби Тоҷикистон дар натиҷаи марҳилаи гурӯҳӣ 14 хол ба даст овард. Филиппин низ 14 хол гирифтааст, аммо аз рӯи нишондиҳандаҳои иловагӣ ҷои аввалро аз даст дод.
Ин натиҷа ба мунтахаби Тоҷикистон имкон дод, ки роҳхати қисми ниҳоии мусобиқа ба даст орад.
Ҷоми Осиё-2027 аз 15 январ то 8 феврал дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Дар марҳилаи интихобӣ 24 даста иштирок доштанд, ки ба 6 гурӯҳ тақсим шуда буданд ва танҳо ғолибони гурӯҳҳо ҳуқуқи иштирок дар қисми ниҳоиро гирифтанд. Дар маҷмӯъ, дар мусобиқа 24 мунтахаб ширкат хоҳанд кард.
Ҳамин тавр, мунтахаби миллии Тоҷикистон бори дуюм дар таърихи худ дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё бозӣ мекунад.




